АКСИЯИ ТОЗАГӢ ТАҲТИ УНВОНИ «РӮЗИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ»

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

         Санаи 4 апрели соли 2024 бо ташаббуси масъулони КИ ҲХДТ дар ноҳия дар ҳамбастагӣ бо раисони ташкилотҳои ибтидоии “Мактаби варзишӣ”, “Маорифчиён” “Ҷамоати деҳоти ба номи Т.Садриддинов”, “Ҷамоати деҳоти Обшорон” ва иқдоми пешгирифтаи аъзоёни фаъоли ташкилотҳои ибтидоӣ, бахшида ба 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ, инчунин саҳмгузори ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар кучаву маҳаллаҳо, таҳти унвони «Рӯзи ободониву созандагӣ» шанбегии дастҷамъона ташкил гардида бо ҷалби аъзоёни фаъоли ташкилотҳои ибтидоӣ ва аъзоёни фаъоли Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” ва волонтиёрҳо, гирду атрофии ташкилотҳои ибтидоӣ, гирду атрофи шоҳроҳҳои маркази ноҳия ва ҷуйборҳои обгузар аз хазонрезаҳо тоза гардида, таги дарахтон нарм карда шуда дар сатҳи баланд баргузор гардид.