АМАЛИЁТИ МУШТАРАКИ "МАКТАБИ МАН"  ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОӢ

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар муассисаи таъҳсилоти миёнаи умумии №3-и ноҳияи Қубодиён бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар аснои баргузории хонишҳои сиёсӣ дар доираи ташаббуси созандаи “Мактаби ман” бо омӯзгорон ва хатмкунандагон вохӯрӣ доир гардид.

    Зимни вохӯрии мазкур масъулин вобаста ба пешгирии шомилшавии ҷавонон аз ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ, даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, иброз доштанд, ки ҷавонони даврони истиқлол дар ҳама давру замон қувваи пешбарандаи ҷомеа буда, ояндаи миллату давлат ва пайравони Пешвои миллатанд. Ҷавонон бояд, дастуру ҳидоятҳои Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи фаъолияти худ қарор дода, баҳри тарғиби ҳар чӣ бештари худшиносиву худогоҳии миллӣ, хештаншиносӣ ва ватандӯстии ҷомеа талош варзанд. Бо ин васила мо метавонем дар ободию пешрафти ватани азизамон саҳмгузор бошем.