ДАСТУРАМАЛҲО

 

НАҚШАИ АМАЛИЁТИ МУШТАРАК ОИД БА ТАҲКИМИ НИЗОМИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ҲУДУДИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН 

Нақшаи мазкур байни ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ВА ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН бо мақсади зерин ба тавсиб расидааст:

  • баланд бардоштани маърифати сиёсии наврасон ва ҷавонони синни 12-24 сола, тарбияи онҳо дар рўҳияи ватандўстӣ, худшиносӣ, ҳувияти миллӣ ва эҳтиром гузоштан ба мактабу омўзгор
  • ҳавасманд гардонидани шахсиятҳои дорои имконияти хуби иқтисодӣ барои татбиқи амалии барномаҳои давлатӣ дар соҳаи маориф, дастгирии техникию ташкилии мактаби (муассисаи таълимии) хатмкардаи худ ва мутобиқ гардонидани он ба талаботи стандартҳои муосири таҳсилот

Вазифаҳои асосӣ ҳамчун ташаббуси ҳизбӣ чунинанд:

  1. Баргузории дарсҳои кушод зери унвони «Соати сиёсӣ» барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти асосӣ ва миёнаи умумӣ ва донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ
  2. Ташкил намудани вохўриҳои мунтазами хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ зери унвони «Мактаби ман» ва бо ин васила ҷалби шахсиятҳои дорои имконияти хуби иқтисодӣ ба бунёдкорию созандагӣ ва дастгирии техникии муассисаҳои таълимӣ

 


 

⇒ РОҲНАМО ОИД БА ТАҲКИМИ ҲАЙАТИ СИФАТИИ АЪЗОИ ҲХДТ

Маводи мазкур ҳамчун роҳнамо – дастурамали рӯимизии кормандони масъули ҳизбӣ бо мақсади таҳкими низоми ҳаракати ҳизбӣ, аз ҷумла зиёд намудани сафи аъзои ҲХДТ аз ҳисоби аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ/фермерӣ, соҳибкорони инфиродӣ ва донишҷӯён таҳия гардидааст

Роҳнамо оид ба таҳкими ҳайати сифатии аъзои ҲХДТ (аз ҳисоби аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ/фермерӣ, соҳибкорони инфиродӣ ва ҷавонони донишҷӯ): Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, ш.Бохтар, 2022. – 32 с.

Барои дастрас кардани матни пурраи мавод ба ин тугма ► зер кунед.

 


 

⇒ НИЗОМИ ТОБЕИЯТ

Тибқи талаботи банди 2.5 Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон интизом дар сохторҳои ҳизбӣ қатъӣ буда, барои сохторҳои ва ё мақомоти поёнӣ иҷрои қарорҳои мақомоти болӣ ҳатмӣ мебошад.

Барои дастрас кардани матни пурраи мавод ба ин тугма ► зер кунед.

 


 

РОҲНАМО БАРОИ ҶАЛБИ САРБОЗИ ИХТИЁРӢ (барои кормандони ҳизбӣ)

Барои тарбия намудан насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва ҷасорату мардонагӣ, аз ҷумла хизмати ихтиёрии ҳарбӣ зарур аст, ки механизмҳои муосири идеологӣ, муносиб ва дастрас ташаккул дода шавад.

Яке аз чунин механизмҳоро метавон механизми халқии сафарбарнамоии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ном гузошта, онро тавассути ва ё истифода аз иқтидории ташкилӣ, аз ҷумла истифодаи раисони ташкилотҳои ибтидоии маҳаллаву деҳот ва кумитаҳои маҳаллаву деҳот бевосита амалӣ намуд.

Роҳнамои замимашуда механизми сафарбарнамоии ихтиёрии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ буда, барои истифодаи кормандони ҳизбӣ ва мутахассисони соҳаи идеологӣ муқаррар гардидааст.

Барои дастрас кардани матни пурраи мавод ба ин тугма ► зер кунед.

Рӯнамо барои ҷалби сарбози ихтиёрӣ, ба ин тугма ► зер кунед.

 


 

⇒ КИТОБ-МАҶАЛЛА: "ТАШАББУСҲО, НАВОВАРИҲО: 2018-2021"

Маҷмӯаи мазкур фарогири дастовардҳо, ташаббусҳо ва навовариҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва сохторҳои ҳизбӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, ки дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба даст омадаанд, мебошад.

Дар Маҷмӯа натиҷаҳои фаъолият дар давраи солҳои 2018-2021, ҳамзамон баъзе нишондиҳандаҳои соли 2021 (дар алоҳидагӣ) оварда мешаванд. Маводи мазкур ба сифати маълумот ва барои истифода дар фаъолияти самти идеологӣ ба субъектҳои дахлдор тавсия дода мешавад.

Барои дастрас кардани матни пурраи мавод ба ин тугма ► зер кунед.