СОАТИ СИЁСӢ ТИБҚИ НАҚШАИ МУШТАРАК

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади баланд бардоштани маърифати сиёсии наврасон ва ҷавонони синни 12-24 сола, тарбияи онҳо дар рӯҳияи худшиносӣ, ҳуввияти миллӣ ва эҳтиром гузоштан ба мактабу маориф нақшаи муштараки Ҳизби  Халқии  Демократии  Тоҷикистон ва Вазорати  Маориф  ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ҳудуди вилояти Хатлон тасдиқ карда шудааст, ки тибқи он ҳар рӯзи шанбеи охири моҳ дар тамоми муассисаҳои таълимӣ соати сиёсӣ гузаронида мешавад. Бо ин мақсад дар МТМУ №2-и ноҳия бо иштироки  директори муассиса ва омӯзгорон байни хонандагони сонфҳои болоӣ Соати сиёсӣ дар мавзӯъҳои зерин: “Терроризм ва Эстремизм”,   “Иштироки ҷавонон дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии кишвар ” гузаронида шуд.