АКСИЯИ ҲИЗБӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “ГУЛИСТОН-МТМУ №35”

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси Нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён ҳар рӯзи панҷшанбе тамоми кормандони ташкилоту муассисаҳои ноҳия, аъзои фаъоли ҲХДТ ба таври оммавӣ Аксияи ҳизбиро зери унвони "ҲХДТ - ҳизби созанда ва бунёдкор" бахшида ба 30 - солагии ҲХДТ ҳамчун рӯзи ободониву созандагӣ" дар сатҳи баланд баргузор менамоянд.

Чунин иқдом имрӯз дар ташкилоти ибтидои ҳизбии “Гулистон-МТМУ №35” тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён, бо иштироки масъулини Кумита аз ҷониби аъзоёни ҳизб барои ободу зебо гардонидани заминҳои гирду атроф Аксияи ҳизбии "Ободкори мароми мост" тоза намудани гирду атрофи баргузор гардид.

Аъзоёни ташкилоти ибтидоии мазкур дар ҳамбастагӣ бо кормандон бо меҳнати софдилона атрофи гулҳову дарахтонро нарм карда ва ба онҳо об доданд. Инчунин гирду атрофи бинои муассисаи мазкурро ободу зебо гардониданд. Ин иқдом аз ҷониби Ташкилоти ибтидои мазкур дар оянда низ идома хоҳад ёфт.