БАРГУЗОРИИ  МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТИИ СЕМОҲАИ ЯКУМИ ТИ ҲИЗБИИ “ПОЧТАИ ТОҶИК”

Қубодиён:  

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Почтаи Тоҷик” маҷлиси ҳисоботӣ бо иштироки мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Музаффаров Иззат ва фаъолони ҳизб баргузор гардид.

      Зимни баргузории маҷлис ҳисоботи семоҳаи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Почтаи тоҷик”   шунида шуд.  Қайд гардид, ки ташкилоти ибтидоии “Почтаи тоҷик” дар се моҳаи соли ҷорӣ фаъолияти назаррас намуда, оид ба амалӣ  гардонидани  ҳадафҳои созандаи  ҲХДТ ва корҳои назаррасеро анҷом додааст.

       Баъди ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ, шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи  иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Музаффаров Иззат баромад намуда, иброз дошт, ки барои ба таври зарурӣ ба роҳ мондани фаъолияти ҳизбӣ, ҳаракати аъзои ҳизб дар ташкилот ва дар амал татбиқ  намудани ҳадафҳои  барномавию оинномавии ҲХДТ ҳар як аъзои ҳизби ташкилот бояд саҳмгузор бошад .