АКСИЯИ ҲИЗБӢ ТАҲТИ УНВОНИ «ҲХДТ-ҲИЗБИ СОЗАНДАВУ БУНЁДКОР» ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОӢ

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси Нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён ҳар рӯзи панҷшанбе тамоми кормандони ташкилоту муассисаҳои ноҳияи Қубодиён, аъзои фаъоли ҲХДТ ба таври оммавӣ Аксияи ҳизбиро зери унвони "ҲХДТ - ҳизби созанда ва бунёдкор" бахшида ба 30 - солагии ҲХДТ ҳамчун рӯзи ободониву созандагӣ" дар сатҳи баланд баргузор менамоянд.

Чунин иқдом имрӯз дар ташкилоти ибтидои ҳизбии “Фарҳангчиён” тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён, бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён аз ҷониби аъзоёни ҳизб барои ободу зебо гардонидани заминҳои гирду атрофи “Фарҳангчиён” Аксияи ҳизбии "Ободкори мароми мост" яъне тоза намудани гирду атроф баргузор гардид.

Аъзоёни ташкилоти ибтидоии мазкур дар ҳамбастагӣ бо кормандон бо меҳнати софдилона атрофи гулҳову дарахтонро нарм карда ва ба онҳо об доданд. Дар шанбеги аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ атрофи коргоҳи худро аз ҳар гуна алафҳои бегона ва дигар партовҳо тоза намуда, ба ин васила саҳми худро дар сарсабзу хуррамгардонӣ, тозаву озода нигоҳ доштани муҳити гирду атроф ва тоза намудани назди коргоҳи худ гузоштанд.