МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТИИ СЕМОҲАИ ЯКУМИ ТАШКЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “ШИФО”

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шифо” маҷлиси ҳисоботи  бо иштироки масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён ва фаъолони  ҳизб баргузор гардид.

      Сараввал  зимни баргузории маҷлис ҳисоботи семоҳаи раиси ташкилоти  ибтидоии  ҳизбии  “Шифо”   шунида шуд.

    Қайд гардид, ки ташкилоти ибтидоии “Шифо” дар се моҳаи соли ҷорӣ фаъолияти назаррас намуда, оид ба амалӣ  гардонидани  ҳадафҳои созандаи  ҲХДТ ва корҳои назаррасеро анҷом додааст.

       Баъди ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ,  масъули  Кумитаи  иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён баромад намуда, иброз дошт, ки барои ба таври зарурӣ ба роҳ мондани фаъолияти ҳизбӣ, ҳаракати аъзои ҳизб дар ташкилот ва дар амал татбиқ  намудани ҳадафҳои  барномавию оинномавии ҲХДТ ҳар як аъзои ҳизби ташкилот бояд саҳмгузор бошад.