МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТИИ СЕМОҲАИ ЯКУМИ ТАШКЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “ЗАМИНСОЗ”

Қубодиён:  

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Заминсоз” маҷлиси ҳисоботӣ бо иштироки мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Музаффаров Иззат ва фаъолони  ҳизб баргузор гардид.

       Сараввал  зимни баргузории маҷлис  ҳисоботи семоҳаи раиси ташкилоти  ибтидоии  ҳизбии  “Заминсоз” шунида шуд.

Қайд гардид, ки ташкилоти  ибтидоии  “Заминсоз” дар се моҳаи соли ҷорӣ  фаъолияти назаррас намуда, оид ба амалӣ гардонидани  ҳадафҳои созандаи  ҲХДТ ва корҳои назаррасеро анҷом додааст.

       Баъди ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ, шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи  иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Музаффаров Иззат баромад намуда, иброз дошт, ки барои ба таври зарурӣ ба роҳ мондани фаъолияти ҳизбӣ, ҳаракати аъзои ҳизб дар ташкилот ва дар амал татбиқ  намудани ҳадафҳои  барномавию оинномавии ҲХДТ ҳар як аъзои ҳизби ташкилот бояд саҳмгузор бошад.