Терроризм ва экстремизм – вабои аср

Қубодиён: Вокуниш  

“Ҷавонон умеду орзу, татбиқкунандагони нақшаву ниятҳои неки насли калонсол ва ормонҳои ҳазорсолаи миллати қадимаи тоҷик мебошанд ва вазифадоранд, ки ин масъулияти бузургро  содиқонаву сарбаландона иҷро намоянд”. Эмомалӣ Раҳмон.

                          

  Ҳамаи мо дар замони хеле мураккабу печида бо терроризму экстремизм  дар аёми пурҳаводису пурихтилоф, дар овони муборизаҳои шадиди давлатҳои абарқудрати ҷаҳон ва дар марҳилаи тазодбори талошҳои идеологияи глобалӣ зиндагӣ ва фаъолият карда истодаем.Имрӯз яке аз масъалаҳои муҳим ва ногуворе, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст, ин терроризм ва экстремизм мебошад. Дар чунин вазъият ба моҳияти воқеъият саривақт сарфаҳм рафтану бо роҳи рост қотеъона қадам гузоштан, ҳушёриву зиракии ҳамешагӣ мехоҳад ва мутаасифона, на ҳамаи ҷавонон чунин хусусиятро доро ҳастанд. Муттаасифона рӯз аз рӯз доираҳои ташкилоту созмонҳои экстремистӣ рӯ ба афзоиш аст.

    Бояд зикр намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати милли – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ироа  дар ҳар паёмҳо ва баромадҳои худ, доир ба пурзӯр намудани роҳҳои мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ ишора намуда, оромиву суботи кишвари азизамонро  дар мадди аввал гузошта, ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи  амнияту давлату миллатро барои ҳар яки мо масъалаи аввалиндараҷа  ва ҳаётан муҳим арзёбӣ карданд.

     Сарвари давлат  терроризм ва экстремизмро вабои аср номида, зикр карданд, ки террорист ватан, миллат  ва дину мазҳаб надорад. Ин вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таъкид карда, барои башарият хатари на камтар  аз силоҳи ядроиро ба миён овардаст. Зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм, ки аксаран таҳти шиорҳои диниву мазҳабӣ сурат мегирд, ба дини мубини ислом  иртиботе надорад, баръакс, аз ҷониби душманони ин дини муқаддас роҳандозӣ шуда, аз ваҳшонияти асримиёнагии террористӣ, пеш аз ҳама, кишварҳои исломӣ ва мусулмони сайёра зарар мерасонад.

   Аз мардуми Тоҷикистон, хоса ҷавонон даъват карда мешавад, ки дар муқобили ин хатарҳо муттаҳид бошанд, ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва ба фиребу гумроҳсозиҳои ифротгароёни тундрав дода нашаванд.

   Сулҳи мо нодиртарин ва қимматтарин  неъмат буда, моро мебояд  ин ваҳдати миллӣ ва сулҳро чун гавҳараки чашм ҳифз кунем ва аз ҳама аз як гиребон сар бароварда, барои ҳимояи манфиатҳои миллӣ камар бандем,  дар муқовимат ба афкори экстремистӣ, террористӣ муташаккилона мубориза барем.

 

Мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Мардонов Ф