НЕСТ БОД, ГУРӮҲҲОИ  ИФРОТӢ!

Қубодиён: Вокуниш  

 Беҳуда нагуфтаанд, ки бори каҷ ба манзил намерасад, бо ин амалҳои ғайриинсониву туҳмат ва буҳтонҳои бардурӯғашон дар Ватан зиндагӣ мекунаду нону намакашро истифода мебаранду берун аз он мешаванду ба Ватан хиёнат мекунанд. Ингуна хоинон ҳеҷвақт ба мақсадашон намерасанд, чунки онҳо мехоҳанд миллати тоҷикро аз байн баранд. Аммо хурсандона бо амри Худованди бузург аз байни мардуми оддӣ шахсеро ба мо ато намуд, ки ин миллат ва давлати тоҷикро аз парокандӣ наҷот дод, сарвари мо шуду моро роҳнамоӣ кард. Ин ҳам Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон мебошад. 

   Аммо набояд ба ин туҳмат ва буҳтонҳои беасос бовар кард. Чунин гурӯҳҳои ифроти ҳамарӯза тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ба таблиғи хабарҳои беасос машғул буда, худро чун шахсони боимону ба дин наздик шуморида аз дуриҳо ба мо санги маломат мезананд.

   Онҳо худ гуруҳҳое ҳастанд, ки бо камсаводиву бешарафии худ шахсони гумроҳу бесаводро дар ин ё он гӯшаи дунё ба доми худ кашидаанд. Бо ин амалҳои ғаразнокашон туҳмат ва буҳтонҳои бардурӯғ шумо хоинони миллату давлат ба ҳеҷҷойе нахоҳед расид!

   Аз ҷумла истифодаи ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ҳамчун воситаи фишороварӣ ба кишварҳои гуногуни дунё одати маъмулии баъзе қудратҳои ҷаҳонӣ шудааст, ки ба таври ошкору ниҳон аз онҳо ҷонибдорӣ ва маблағгузорӣ менамоянд.

   Хулоса, ҳаракатҳои террористӣ -экстремистӣ аз тарафи баъзе кишварҳои манфиатдор ба хотири мустаҳкам гардонидани мавқеи геополитикӣ ва геостратегии хеш созмон додашудаанд ва мақсаднок истифода шудаистодаанд.  Ба ташкилотҳои террористӣ ва экстремистии динӣ асосан ҷавонони камсавод ва роҳгумзада босӯи истифода аз эътиқодиёти динӣ ҷалб карда мешавад. Дар раванди ҷалбкунии ҷавонон барномаҳои махсуси” даъватӣ”, “ҷиҳодӣ” роҳандозӣ гардида, дар вақти мағзшӯи намудан,” руҳияи ғуломи”-и ҷавононро баланд мебардоранд ва ба хуруфоту ваъдаҳои осмонӣ ва қасрухонаҳои боҳашамат дар “охират” ҷавононро ба фиребу найранг ба сафи созмонҳои даҳшатафкану ифротӣ ҷалб мегардонанд.

     Аз сӯи дигар бо мақсади огоҳии бештари сокинон бахусус насли ҷавон, ки алъон гузаштаи пурифтихори миллати худро пурра наомӯхтаанд, бояд мо насли калонсолон аз таърихи гузаштаи миллат ёдовар гардонем.

   Таҷрибаи башарӣ собит месозад, ки ба озодии комилу истиқлолият расидани ҳар як миллату давлат бидуни ба даст овардани Ваҳдати миллӣ, якдигарфаҳмӣ, муттаҳидӣ, муҳаббат ба Ватану сарзамини аҷдодӣ имконнопазир аст.

   Аз баракати сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як кишвари тинҷу ором, ободу зебо табдил ёфта бо ташаббусҳои ояндасози Сарвари он ва дигар дастоварду музаффариятҳои мардумонаш дар арсаи ҷаҳон шинохта шудааст. Мардуми шарифи кишвар дар фазои сулҳу оромӣ, якдигарфаҳмӣ бо арҷгузорӣ аз хизматҳои шоистаи роҳбарияти Олии кишвар умр ба сар бурда, саҳмгузорӣ дар рушду пешрафти Ватанро рисолати ҳаётии худ мешуморанд.

 Мудири шуъбаи молияи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Садиров Аслам