ИТТИЛООТ ҲАМЧУН СИЛОҲИ ТЕРРОРИСТОН ДАР ЗАМОНИ ИМРӮЗА

Қубодиён: Вокуниш  

Дар замони муосир раванди ҷаҳонишавӣ ба фарҳанги қавму миллатҳои гуногун таъсири зиёд мерасонад. Агар аз як тараф, дар натиҷаи ташаккули нақши иттилоот дар сиёсат ва равандҳои сиёсӣ байни фарҳангҳои гуногун робита барқарор шавад, аз тарафи дигар, ғасби фарҳангҳои анъанавии миллӣ дар зери таъсир ва фишори фарҳангҳои бегона ба амал меояд. Таҷриба нишон медиҳад, ки ҳоло дар ҷаҳон раванди ғасбкунии фарҳангҳои халқияту миллатҳои дигар аз ҷониби фарҳанги ғарбӣ бо ҳама гуна воситаҳо ба амал омада истодааст. Аз ин лиҳоз, зарурати ҳимояи захираҳои миллии иттилоотӣ ва таъмини амнияти мубодилаи иттилоот дар шабакаҳои иҷтимоӣ хеле зарур аст, чунки дар заминаи он метавонанд, зиддиятҳо ва низоъҳои байнидавлатӣ ба вуҷуд оянд. Чунин зиддиятҳо ба ҷомеаи тоҷикистонӣ низ хатари зиёди фарҳангӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ доранд.

   Иттилоот, дар қатори натиҷаҳои зиёди мусбат доштан, ҳамчунин чун манбаи васеи хатар ба шумор меравад, зеро маҳз ба воситаи иттилоот таҳдид ба манфиатҳои асосии на танҳо шаҳрвандон, балки давлат ва ҷомеа низ сурат мегирад. Аз ин рӯ, маҷмӯи равандҳои иттилоотиро аз нуқтаи назари амниятӣ ва ҳимояи онро аз хатару таҳдидҳое, ки худи иттилоот ба вуҷуд меорад, ба инобат гирифтан зарур аст.

          Иттилоот дар замони имрӯза ба силоҳи террористони созмону харакатҳо ва гурӯҳҳои мухолифини ба амсоли, “Толибон”, “Ал қоида”, гурӯҳи 24 ва дигарон табдил ёфтааст. Дар замони имрӯза як иборае вуҷуд дорад, ки мегӯянд: “ҳар касе, ки бештар иттилоот медонад, метавонад ҷаҳонро идора намояд”. Барои исботи суханони болозикр метавон гуруҳҳои терористии гурӯҳи 24-ро баён намуд, ки тавассути шакабаҳои интернети бо паҳн намудани хабарҳои бардуруғ ва ҳар гуна наворҳо ба муқобили амнияти давлат ва Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомали Раҳмон, мехоҳад зеҳнияти мардумро алайҳи ин шахсияти бузург таҳрир намояд. Мақсади террористон аз ин корҳояшон дар он аст, ки меҳоҳанд дар ҷаҳон ҳукмфармо шаванд. Аз ин лиҳоз сулҳу амнияти давлатҳоро халалдор намуда, бо аз байн бурдани тамаддун, таърих, заиф намудани иқтисодиёти дохила ва хориҷии кишварҳо ва коста гардонидани нуфузи онҳо дар арсаи байналмиллалӣ бо роҳи тарсонидан, тарконидан, куштор ва гаравгон гирифтани сиёсатмадорони бонуфуз ба итоати худ дароранд. Ваъзияти мураккаби сиёсии ҷаҳон дар замони имрӯза моро водор месозад, ки зиракию хушёриро аз даст надода, дар иттиҳодиву ҳамбастаги алайҳи ҳама гуна таҳдидҳои ҷаҳонӣ мубориза намоем. То ки сулҳу осоиши Тоҷикистони азизамонро ҳеҷ як нохалафе халалдор карда натавонад.

       Мудири бахши омор ва Маҳзани ягонаи электронии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён   Шоймардонова Нилуфар