БУНЁДИ СИНФХОНАҲОИ ИЛОВАГӢ ДАР МТМУ №46

Қубодиён:  

Бо ташаббуси волидон ва соҳибкорони фаоъли ноҳия ва таҳти роҳбарии мудири маорифи ноҳияи Қубодиён Мирзоев Саъдулло барои беҳтару хубтар фароҳам овардани шароити таҳсил, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва тарбияи фарзандон дар Ҷамоати деҳоти Заркамари МТМУ №46 8 синфхонаҳои иловагӣ сохта ба анҷом расонида шуд.

     Аз бунёди синфхонаҳои иловагӣ Ҳасанзода Гулнора Кенҷа Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Қубодиён Сабурзода Мирзодавлат Абдолӣ дидан намуданд.