КОРВОНСАРОӢ БАРОИ ТАҶЛИЛИ НАВРӮЗИ ОЛАМАФРӮЗ

Қубодиён:  

Бо кӯшишу талоши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо ҷонибдорию пуштибонии як қатор кишварҳои ҷаҳон   23 - юми феврали соли 2010 - ум қатъномаи Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул шуд, ки дар он 21- уми март таҷлили Ҷашни Наврӯз - ба унвони ҷашни байналмилалӣ эътироф гардид.

 Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён санаи 21-уми марти соли 2024 дар маркази ноҳияи Қубодиён корвонсароӣ бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ гузаронида шуд.