ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ҲАМҶУН ХАВФНОКТАРИН ТАҲДИДҲО БАРОИ ИНСОНИЯТ ВА ҶОМЕА

Қубодиён: Вокуниш  

Имрӯзу оянда низ терроризм ва экстремизм ҳамчун хавфноктарин таҳдидҳо барои инсоният ва ҷомеаи умумибашарӣ боқӣ монда, бо истифода аз технологияи муосир, ки босуръат рушд намуда истодааст, тарзу усулҳои нави истифодабариро ба худ касб мекунад. Барои мисол, дар як даҳсолаи охир садҳо ҳазор нафар мардуми осоишта қурбони амалҳои террористӣ ва экстремистӣ гардида, ҳазорҳо нафари дигар маъюбу корношоям шуданд. Ҳалокати ҳазорон мардуми осоиштаи сайёра, алалхусус қисми осебпазири ҷомеа занону кӯдакон аз ин хатари марговар гувоҳи он аст, ки ин амалу кирдори ваҳшиёна ба касеву чизе раҳм надорад ва ҳамчун василаи амалӣ сохтани ҳадафу мақсадҳои нопок аз ҷониби як тӯдаи аз фарҳангу маърифат дур, бехирад ва ҷоҳилу нотавонбин истифода мегардад. Cозмону ҳаракат ва гурӯҳҳои зерин, аз қабили “Ал-Қоида”, “Толибон”, “Ҳизб-ут-Таҳрир”, “Боко-Ҳарам”, “ДИИШ” ва амсоли инҳо, аз ҷониби як қатор давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ҳамчун ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ дониста шудаанд, ки ҳадафу мароми аслии онҳо бо густурда намудани фаъолияти худ зимни анҷом додани амалу кирдори ҷинояткорона нуфузу эътибори сиёсӣ пайдо кардан мебошад. Экстремизм вожаи фаронсавии «ехtrеmismе» ва лотинии «eхtrеmus» гирифта шуда, маънои луғавиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳад гузаштан, аз андоза гузаштанро дорад. Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон – дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд. Терроризм худ падидаи номатлуби ҷомеаи навин буда, фаҳмиши он дар содир кардани ҷиноятҳои вазнин, аз қабили қатлу куштори инсон, ба гаравгон гирифтани одамон, тарконидани иншоотҳои гуногуни истеҳсолӣ ва маишиву фароғатӣ, рабудани воситаҳои гуногуни нақлиётӣ ва амсоли инҳо дониста мешавад. Экстремизм бошад, хислати ҷӯдоихоҳӣ, ифротгароӣ ва иғвоангезиро доро буда, бо терроризм алоқаи ногусастанӣ дорад. Бо тарзи дигар, мақсад ва оқибати экстремизм ин терроризм аст. Вале дар умум чунин баҳогузорӣ мебояд намуд, ки ҳарду ба истилоҳ комилан хатари калони парокандагиву бесарусомониро доро буда, оқибати басо нанговар доранд. Бояд тазаккур дод, ки ҳаракатҳои террористӣ дар миқёси олам гуногун буда, онҳоро асосан ду унсури умумӣ бо ҳам муттаҳид мекунад: аввалан, онҳо барои халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ ва суст намудани пояҳои ҳокимияти давлатӣ равона гардида ва дигар ин, ки ин ҳаракатҳо дар байни аҳолӣ ҳиссиёти тарс, оҷизиро ба вуҷуд меоваранд. Ҳамин тариқ, дар баробари муқаррароти танзимкунандаи фаъолияти давлатӣ ва баҳри амалинамоии онҳо дар самти мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм фаъолияти якҷояи қишрҳои гуногуни ҷомеа талаб карда мешавад. Яъне имрӯз танҳо муборизаи дастаҷамъонаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мусоидати аҳолӣ бо мақомот ва ҳушёрию зиракии мардум имкон медиҳад, ки пеши роҳи ин омилҳои манфӣ гирифта шавад, то ки суботу оромӣ таъмин ва ҳар як фард дар ватани азизи хеш Тоҷикистони соҳибистиқлол зиндагии ободу осоишта ба сар барад. Инчунин, мо ҷавонон ҳамчун нерӯи пешбаранда, ворисони асилу арзандаи миллату давлат ва созандагони имрӯзу фардои Тоҷикистони азиз бо ҳисси баланди миллӣ пояҳои давлатдории миллиамонро ҳамчун гавҳари ноёб эҳтирому нигоҳ медорем, ҳамчун нерӯи бузурги созанда ва сипари боэътимоди давлатамон бар зидди ҳама гуна хатари терроризму экстремизм бо роҳҳои пешбини намудаи қонунгузорӣ мубориза мебарем.

Роҳбари ТҶҶ "Созандагони Ватан"-и ноҳияи Қубодиён Музаффаров И. И