ХАТАРҲОИ ТАҲДИДКУНАНДАИ ЗАМОН

Қубодиён: Вокуниш  

Террор яке аз воситаҳои асосию паҳнгаштатарини муборизаи замони инқилоб ва аксулинқилобҳо  ба шумор меравад ва ҷомеаро дар давраҳои модернизатсияи сиёсии моҷарогароӣ  ва муқовиматҳои иҷтимоӣ қавӣ менамояд. Дар ин замон муҳим нест, ки  аввалин шуда кадом ҷониб ва ё ки даст ба истифодаи зӯрии канораю ғайриқонунӣ мезанад. Аҳамияти асосиро сатҳи муқовимати қувваҳои сиёсӣ ва маданияти сиёсии онҳо ташкил медиҳад.Чуноне, ки таҷрибаи мамлакатҳои  гуногуни олам нишон медиҳанд, дар ҳолати мазкур неруҳои террористӣ фақат кӯшиши нобуд намудани рақиби худро менамоянд.Терроризм дар инкишофи таърихии инсоният ҳодисаи нав набуда, ҳанӯз аз замонҳои қадим ба ин усул қувваҳои гуногуни сиёсӣ ва ҷамъияти барои ҳокимят  талош дошта,  даст ба зӯрӣ, даҳшат овардан ва тарсонидани одамон мезананд. Қувваҳои гуногун  терроро ҳамчун воситаи мубориза бар зидди рақибони хеш медонистанд. Ҳатто дар андешаҳои муҳаққиқони аҳди қадим, аз ҷумла Ксенофон террор дар мисоли воситаи самараноку мусбати мубориза бар зидди рақибон дониста мешуд. Аммо дар аҳди қадим маънои расмиаш истифода намегардид.     

    Барои ба ҳадафҳои сиёсӣ расидан аксаран ташкилотҳои экстремистӣ ба эътиқоди диннии шахсон таъсир расонида, шаҳрвандони гуногуни дунёро бовар кунониданӣ мешаванд, ки сиёсати давлатдорӣ  бар зидди ақидаҳои диннии онҳост.

     Маҳз бо ин роҳу восита мехоҳанд дини  мубини Исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ  ноил шудан истифода баранд. Дар олами муосир хатари терроризм ва гурӯҳҳои ифротгароӣ яке аз масъалаҳои мубрами илмҳои сиёсӣ буда,омилҳо, хусусиятҳо, харобаҳои он аз ҷониби илмҳои гуногуни ҷомеашиносӣ мавриди омӯзиш ва тадқиқи илмӣ қарор гирифтааст. Ин раванди номатлуб  ҷомеаи башариро нигарон намуда,баҳри пешгирии омилҳои террористӣ тамоми омилҳо, сабабҳо ва дарёфти роҳу усулҳои самарабахши мубориза алайҳи терроризмро пайдо хоҳанд намуд. Ба ин маънӣ омӯзиши ҳама ҷониби ин масъала талаби замон мебошад. Агар одамон ба масъалаҳои терроризм ва муборизаи  зидди он бевосита пайваст набошанд ҳам,тавассути чизи дигаре ва ё субъекти дигаре бо масъалаҳои мухталифи терроризм ва шаклҳои дигари экстремизми сиёсӣ алоқаманд гашта, мавқеи худро муайян менамоянд. Экстремизм аз вожаи фаронсавии “экстремизм” ва лотини “экстремиз” гирифта шуда, маънои луғавиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳад гузаштан, аз андоза гузаштанро дорад. Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон дар дин, сиёсат, идеология, ва ҳатто дар варзиш низ дар миён ояд.

     Аз ин рӯ, дар тамоми ҷаҳон марказҳо ва пажӯишгоҳҳои илмию тадқиқотӣ ба омӯзиши ин падидаи номатлуби иҷтимоӣ равонаанд.Дар ин радиф ҷараёни экстремизми сиёсӣ ва терроризми сиёсӣ пешсаф аст. Экстремизми сиёсӣ аслан аз ғояи фаъолияти канорае таркиб ёфтааст, ки одатан тавассути зӯроварӣ барои воқеӣ гардонидани ҳадафҳои сиёсӣ истифода мешавад. Илова бар ин экстремизми сиёсӣ бо тамоми зуҳуроташ ҳамчун ҷараёни иртиҷоӣ аён гашта, доираи васеи кишварҳо ва минтақаҳои оламро фаро гирифта, ба ҳодисаи мудҳиши умумибашарӣ табдил ёфтааст. Аз ин хотир зарурати дарки амиқ ва фаҳми васею ҳамаҷонибаи он пеш меояд. Бинобар ин таҳқиқ ва баррасии экстремизм зинаи аввали инкишофи гурӯҳҳои  канориро ташкил менамояд.

     Қурбони терроризм дар ин ё он минтақа асосан ҷавонон мебошанд. Аз ин рӯ, ҷавононро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, сабабу омили шахсони ифротгаро ва гурӯҳҳои терроризмро биёмӯзанд ва барои дафъи он кӯшиш кунанд, то сулҳ, ваҳдат ва амнияти кишвар ҳифз гардад.

     Яке масъалаҳои муҳим ва ногуворе, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст, терроризм ва ифротгароӣ мебошад. Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро он боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш – таҳдид  ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, бенизомӣ, тағйири сохти Конститутсионӣ дар мамлакат, вазъи ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва диннӣ мебошад. Терроризм аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ чунин аст; “Ин содир намудани амалҳое мебошанд, ки ба одамон хатари марг ба миён меоварад, истифодаи он мақсади ҷисмонӣ, бартараф намудани рақибони сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад”. Зӯроварӣ, зулм, фишороварӣ, таҳқир ва паст задани шаъну шарафи инсон, хусусан гурӯҳҳои дигари этникӣ аз ҷониби ҷомеа ва давлат мумкин аст, эътирозро ба вуҷуд оварад, ки он мумкин аст ба ифротгароӣ сабзида расад. Умуман таҳти мафҳуми “созмон ё ҳаракатҳои исломӣ” қувваҳои гуногунро фаҳмидан мумкин аст.

   Мудири бахши кор ба ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Шарифзода Муҳаммадҳусайн