83138 2-40-07

ҶАҲОНИ АНДЕША Ё ФАРҚ БАЙНИ МОДАРУ ПАДАР:

Норак: Андеша  

1. Касе ки аз замоне ки чашм боз мекуни туро дӯст дорад, модар аст. Ва касе, ки дӯст дорад бидуни он ки зоҳир кунад, падар аст. Ба ӯ ҷафо мекунӣ.

2. Модар туро ба ҷаҳон тақдим мекунад, падар талош мекунад то ҷаҳонро ба ту тақдим кунад. Ба сахтӣ меафтад.

3. Модар ба ту зиндагӣ медиҳад, падар туро меомӯзад чигуна ин зиндагиро эҳё кунӣ.

Ба талош водор мекунад.

4. Модар туро нӯҳ моҳ дар раҳми худ нигаҳ медорад, падар боқии умр туро ҳамл мекунад, бори туро бар дӯш дорад. Мутаваҷҷеҳ нестӣ!

5. Модар вақти таваллудат фарёд мекашад, садояшро намешунави , агар падар ба сарат фарёд кашад аз ӯ гила мекунӣ.

6. Модар гиря мекунад вақте бемор мешавӣ, падар бемор мешавад, вақте гиря мекунӣ .

7. Модар мутмаъин мешавад, ки гурусна нестӣ, падар туро ёд медиҳад, ки гурусна намонӣ. Дарк намекунӣ!

8. Модар туро рӯи синааш нигоҳ медорад, падар туро ба дӯш мекашад. Ӯро намебини!

9. Модар чашмаи муҳаббат аст, падар чоҳи ҳикмат. Метарси аз умқи чоҳ!

10. Модар масъулиятро аз дӯши ту бармедорад, падар масъулиятро дар вуҷуди ту мекорад.

11. Модар туро аз суқут (афтодан) нигаҳ медорад, падар меомӯзад баъд аз суқут баланд шавӣ.

12. Модар ёд медиҳад чигуна рӯи пои худ роҳ бирави, падар ёд медиҳад чигуна дар роҳҳои зиндаги ҳаракат кунӣ.

13. Модар камол ва зебоиро мунъакис (аксшуда) мекунад, падар воқеъият ва талошҳоро мунъакис мекунад.

14. Меҳри модарро вақти валодат ҳис мекунӣ , меҳри падарро вақти падар шудӣ, ҳис хоҳӣ кард.

Бинобар ин МОДАР бо чизе муқоиса намешавад ва ПАДАР такрор нахоҳад шуд...

Аъзои фаъоли ҲХДТ дар шаҳри Норак  Муҳсидин Қурбонзода