83138 2-40-07

”Хатари хурофот ва ифротгароӣ ба арзишҳо, амният ва ояндаи давлатдории миллӣ”

Норак:  

                         Бахшида ба эълон гардидани соли 2024 ҳамчун соли “Маърифати ҳуқуқӣ” ва дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар вохурӣ бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин санаи 9 марти соли 2024 баён доштанд, санаи 07 майи соли 2024 дар толори қасри фарҳанги шаҳри Норак бо иштироки сиёсатшинос, директори Маркази тарғиби адабиёт ва фарҳанги миллӣ – Абдуллоҳи Раҳнамо таҳти унвони ”Хатари хурофот ва ифротгароӣ ба арзишҳо, амният ва ояндаи давлатдории миллӣ” семинари назариявӣ-амалӣ баргузор гардид.

Дар семинар ҳамчунин намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи минтақа, бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак, роҳбарони корхонаву ташкилотҳо, фаъолон иштирок намуданд.

Дар рафти семинар   Абдуллоҳи Раҳнамо  - сиёсатшинос, директори Маркази тарғиби адабиёт ва фарҳанги миллӣ  доир ба мавзӯҳои “Сабабу омилҳои шомилшавии ҷавонон ба созмону ташкилотҳои экстремистӣ-террористӣ ва пайомадҳои манфии он ба арзишҳои миллӣ”, “Омилҳои иҷтимоӣ-сиёсии пайдоиши ҳаракатҳои террористӣ дар Осиёи Марказӣ ва роҳҳои пешгирӣ аз ин ҳаракатҳо», «Ҷангҳои иттилоотӣ ва муқовимати идеологӣ ба ақидаҳои террористиву экстремистӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ-интернетӣ» ва “Муқовимат бо терроризм кафили сулҳу осоиш”    суханронӣ намуданд.

               Ҳамчунин қайд гардид, ки таълиму тарбия, пешгирӣ аз ҳар гуна қонуншиканиву ҳуқуқвайронкуниҳо, иҷроиши талаботи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», аз худ намудани донишу маърифат ва донистани забонҳои хориҷӣ барои ҳар як ҷавони замони муосир шарт ва зарур аст, зеро насли ҷавон ояндаи миллату давлат ба шумор рафта, онҳо бо аз худ намудани илму дониш минбаъд дар рушду инкишофи кишвар ва некӯаҳволии рӯзгори мардум саҳми муносиб хоҳанд гузошт.

Бояд гуфт, ки гузаронидани чунин чорабиниҳо баҳри баланд гаштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мусоидат менамояд.