83138 2-40-07

АКСИЯИ ҲИЗБӢ: 30-СОЛАГИИ ҲХДТ-ро САЗОВОРИ ИСТИҚБОЛ МЕНАМОЕМ!

Норак: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

             Бо мақсади омодагӣ ва сазовор истиқбол намудан аз 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон масъулини ҳизбӣ дар ҳамоҳангии ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ пайваста чорабиниҳои мухталифро доир намуда, бобати шинохти бештари Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар байни сокинон корҳои ташвиқотиро ҷоннок намуда истодааст. 

Дар таърихи 7-уми майи соли 2024 масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак  Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “30-солагии ҲХДТ-ро сазовор истиқбол менамоем!” ташкил намуда, ба сокинони шаҳри Норак, дар кӯчаву хиёбонҳо ва бозори марказии шаҳр муроҷиатномаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлонро тақсим намуданд. 

 

Суратгузориш аз ҷараёни баргузории Аксия: