83138 2-40-07

ПАЁМ ДАСТУРИ СОЗАНДА

Норак: Андеша  

 

Андеша: Ба ҳамагон маълум аст, ки санаи 28 декабри соли 2023 Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ироа гардид.

Дар Паём соҳаҳои гуногуни хоҷагии халҷи ҷумҳурӣ, аз ҷумла сиёсиву иҷтисодӣ, саноат, энергетика, нақлиёт, алоқа, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, занону ҷавонон, сармоягузорию соҳибкорӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва соли маърифати ҳуқуқӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доштанд.

Ҳамзамон дар Паёми навбатӣ оид ба ҳадафҳои стратегии миллӣ, яъне таъмини истиқлолияти энергетикӣ, комуникатсия, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босурати мамлакат баррасӣ гардида, вазифаҳои мушаххас пешнињод карда шуданд.

Воқеан, гарчанде ки Паёми Сарвари давлат дар давраи муайян ҳамчун барномаи асосӣ хизмат мекунад, аз ҷиҳати мазмун ва моҳияти худ ин ҳисоботи Сарвари давлат ва Ҳукумат дар назди тамоми сокинони мамлакат буда, таҳлили тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ-сиёсии мамлакат ва дар асоси он муайян намудани дурнамои он дар солҳои наздик мебошад.

Вобаста ба силсилаи ташаббусҳои Пешвои миллат дар самти расидан ба ҳадафҳои стратегӣ исбот гардид, ки ҳар яке аз онҳо амалишавандаанд.

Пешвои миллат дар Паёми имсолаи худ ба рушди соҳаи саноат ва тақвияти саноатикунонии босуръати кишвар таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, иброз доштанд, ки баъди ба даст овардани соҳибистиқлолӣ сиёсати давлат дар соҳаи саноат комилан тағйир ёфт.

Мазмун ва муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023 бори дигар шаҳодати сиёсати халқпарварона ва инсонмеҳварона Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Таҳлили Паёми имсола ҳамчун дастури созанда нишон медиҳад, ки дар маркази сиёсати Пешвои муаззами миллат маҳз беҳбудии вазъи зиндагии мардум, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, таъмини рушди бардавоми иқтисодию иҷтимоии кишвар, эҳёву тақвияти фарҳангу арзишҳо ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини суботу амнияти мамлакат, устуворсозии ҷойгоҳи кишвар дар саҳнаи байналмилалӣ қарор гирифтаанд.

Аз ин лиҳоз ҳамаи мо вазифадорем, ки дар шароити ниҳоят ҳассос ва ноорому пуртаҳаввули ҷаҳони имрӯза ва афзоиши таҳдиду хатарҳои муосир ба истиқлолу озодӣ, суботи сиёсӣ ва амнияти ҷомеаи башарӣ беш аз ҳар вақти дигар босабру таҳаммул ва муттаҳиду сарҷамъ бошем, тамоми саъю талоши худро ба хотири ҳимояи арзишҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои давлату миллат, ободии Ватани азизамон ва рушди кишвари соҳибихтиёрамон равона созем. Бо кору фаъолияти аҳлона Ватани азизамонро, хусусан, то ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии истиқлоли давлатӣ ободу зебо месозем, давлати соҳибистиқлоламонро пешрафта гардонем ва эътибору обрӯи онро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардорем.

Муҳсидин Қурбонзода -аъзои ҲХДТ дар шаҳри Норак