83138 2-40-07

СУННАТҲОИ МИЛЛИИ МАРДУМИИ МО

Норак: Андеша  

«Мо ифтихор дорем, ки Тоҷикистон, барҳақ, ватани Наврӯз, Сада, Тиргон ва Меҳргон аст. Ҳар кадоме аз ин ҷашнҳо таърихи беш аз 6000-сола дорад. Ва ин далел низ мояи ифтихори мо аст, ки Наврӯзи бостонӣ имрӯз ҷашни ҷаҳонӣ гаштааст».

                                                                                              Эмомалӣ Раҳмон

Дар айёми омодагӣ ва таҷлили ҷашни Наврӯз ва ба шарофати истиқлолу озодӣ барои таҳқиқу омӯзиши ҳамаҷонибаи суннату анъанаҳо, расму ойинҳо ва маросиму ҷашнҳои асили миллиамон, аз ҷумла Наврӯз, Сада, Тиргон, Меҳргон ва оммавӣ гардонидани онҳо имконият пайдо  гардид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён доштаанд: “Сада баробари дигар маросиму суннатҳои миллии мо, аз ҷумла Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон умри дубора пайдо карда, таҷлили ҳарсолаи он ба ҳукми анъана даромад ва дар радифи ҷашнҳои миллиамон ба қонунгузории мамлакат ворид гардид”.

Миллати тоҷик соҳиби ойину суннатҳои бостонӣ ва фарҳанги қадима буда, дар тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми сазовор гузоштааст. Суннату ойинҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо, мисли Сада, Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон дар тӯли таърих барои тарғиби ахлоқи ҳамида, инсондӯстӣ, меҳнатқаринӣ, ободгароии мардум хизмат кардаанд.

Ҷашнҳои Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва Сада пояҳои асолати миллии тоҷикон ба шумор мераванд, зеро ҳамаи онҳо маҳз дар марзу буми аҷдодии мо, яъне дар қаламрави таърихии тоҷикон зуҳур карда, ташаккул ёфтаанд.

Сада яке ҷашнҳои таърихии ниёгони мо ба шумор меравад. Бояд қайд намоем,ки бо назардошти ақидаи таърихшиносон ҷашни Сада қадимтар аз ҷашни Наврӯз ва Меҳргон ба ҳисоб меравад. Оварда мешавад, ки ҷашни Сада сад рӯз баъд аз оғози зимистон гузаронида мешавад, яъне 50-рӯзу 50-шаб, 50 рӯз пеш аз Наврӯз таҷлил мегардад.     Инчунин ҷашни Сада пеш аз сад рӯз даравидани ҳосили аввалини ҷав, фарорасии ҷамъоварии аввалини ғалладонагиҳо баъди 50 рӯзи Наврӯз гузаронида мешавад. Мувофиқи маълумоту сарчашмаҳои таърихӣ он ба рӯзи 10-уми моҳи баҳманмоҳ тибқи солшумории мелодӣ, ба санаи 30-31-уми январ рост меояд, албатта ҳамаи ин ҷашнҳои аҷдодӣ: Сада, Наврӯз, Меҳргон, Тиргон ҷашнҳои кишоварзон аст, ки яке паси дигаре меояд.

Бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва сиёсати фарҳангпарваронаю созандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Сада дубора эҳё гардида, шаҳомату азамати худро барқарор намуд.

Ҷашни Сада ба ягон дину мазҳаб марбут набуда, ҳанӯз аз замонҳои қадим гузаштагони мо онро таҷлил мекарданд ва дар ин рӯз болои кӯҳу теппаҳо баромада оташ меафрӯхтанд ва ҳамчунин дар ҳалқаи ёру дӯстон назди оташ суруду таронаҳо хонда хушҳолӣ мекарданд. Хурсандӣ аз он мекарданд, ки фасли сармо мераваду мавсими баҳорон мерасад. Ҷашни Садаро дар таърих боз як ҷашни дастҷамъонаи мардум, ки дар баландиҳо оташ меафрӯхтанд ва ҳамон қувваи зулмотро бар нӯр тарҷеҳ медоданд, ки ба рӯзҳои нағз мерасанд, яъне ба Наврӯз наздик мешаванд. Унсури асосии вобастагии ҷашнҳо ҳам ба шумораи сад ҳам ба афрӯхтани оташ вобаста мегардад. Гулхани хурду калон андӯхта мардум дар гирди он хони ҷашнӣ густурда бо суруду рақс аз шаб то рӯз онро ҷашн мегиранд.

Меҳргон дар баробари ҷашнҳои Наврӯз, Сада ва Тиргон аз ҷумлаи ойинҳои куҳантарини аҷдоди мо ба ҳисоб меравад.

Воқеан, бояд гуфт, ки мардуми куҳанбунёди мо барои ҳар як фасли сол як ҷашнро ихтисос додаанд, яъне ҷашнҳои чоргонаро асос гузоштаанд.

Меҳргон дар масири таърихи чандинҳазорсолаи худ ҳамчун ойини воқеан табииву мардумӣ, тантанаи заҳмати кишоварзон ва таҷассумгари ормонҳои неки созандаву ободгаронаи инсон тавонистааст, ки моҳият ва рисолати аслии хешро ҳифз намояд.

Мо бояд барои ривоҷу равнақи минбаъдаи рушду инкишофи давлати миллиамон ва таблиғ дар арсаи байналмиллалӣ аз суннатҳои миллии миллати худ истифода намоем.  

Абдукаримзода Меҳрона - мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар шаҳри Норак