ТЕРРОРИЗМ ВА ЭСТРЕМИЗМ – ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБИ ҶОМЕАИ МРӮЗА

Левакант: Вокуниш  

 ВОКУНИШ: Экстремизм ва ҷараёнҳои гуногуни он дар шакли амалкарди терроризм ва сепаратизм, ба монанди микроб ва вирусҳои сирояткунандаи бемориҳо дар тани ҷомеаи солим метавонанд реша давонда, паҳн гарданд. Чунончи, дар тиб маълум аст, ҳама гуна микробу вирусҳо, пеш аз ҳама, ба он нуқоти узв таъсир мерасонанд, ки аз ҷиҳати физиологӣ заиф ва қобилияти масунияташон суст бошад. Бинобар ин барои пешгирии паҳншавӣ ва рушди экстремизм ва зуҳуроти аз он падидаи хушунат, терроризм, сепаратизм, бегонапарастӣ дар шароити Тоҷикистон бояд, пеш аз ҳама, сарчашмаҳои онро пайдо намуд. Нуқоти заъфи муносибат бо эҳсосоти динии шаҳрвандонро омӯхт, барои беҳбудии вазъи иқтисодӣ, таъмини ҳарчи бештари мардум бо ҷойҳои арзандаи корӣ, пешгирӣ аз раванди бемайлон ва бенизоми муҳоҷират чораҳо андешид. Дар ин миён, ҳамчунин ҳадаф ва нақшаҳои геополитикии кишварҳои абарқудрати минтақавию ҷаҳониро низ бояд ба ҳисоб гирифт. Мафҳуми радикализм ҳамчун истилоҳ дар асарҳои илмӣ ва мақолаҳои матбуоти даврӣ ба таври гуногун инъикос ва шарҳу тавзеҳ меёбад. Албатта, зуҳуроти радикализм ва экстремизм дар ҷомеаи мо навзуҳур аст ва онҳо бештар дар ҷомеаҳое зуҳур мекунанд, ки давраи гузаришро аз сар мегузароранд.

Ин ду зуҳурот, ки аз лиҳози таъсири манфиашон ба суботи ҳаёти ҷомеа ва умуман, инсоният ба ҳам хеле наздиканд, дорои ҳадафҳое мебошанд, ки барои рушди ҷомеаҳо монеа эҷод менамоянд. Ҳамин тариқ, радикализм ва экстремизм ҳамчун як қувваи фаъоли ҷамъиятӣ дар баробари вориди майдонҳои сиёсӣ ва динӣ шудан ҳадафҳои худро мегузоранд. Радикализм ҳаракатест, ки бо сохти мавҷуда ҳамавақт дар мубориза аст, сайъ мекунад, ки авзоъро дар ҷомеа ноором созад. Гуфтан мумкин аст, ки он фаъолиятҳои зеринро дар равандҳои сиёсӣ-иҷтимоӣ иҷро менамояд:

– огоҳӣ ва иттилоърасонии ғаразнок ба ҷомеа нисбати бесарусомониҳо;

– тақвият додани буҳронҳои иҷтимоӣ, ба хотири ба вуҷуд овардани норозигии мардум нисбати сохти сиёсии мавҷуда;

– кӯшиш намудан барои барҳам додани сохти конститутсионӣ;

– ба вуҷуд овардани масъалаҳои ихтилофангези динӣ, мазҳабӣ ва қавмӣ дар миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа;

– таҳрикбахшии ҷавонон барои иштирок дар барномаҳои зиддиҳукуматӣ ба хотири ба вуҷуд овардани нооромсозии ҷомеа ва ғайра.

Аз ин лиҳоз, радикализм ва экстремизм ҳамчун як зуҳуроти номатлуби иҷтимоӣ ва сиёсӣ ба шумор рафта, ҳеҷ умумияте ба дини мубини ислом надоранд. Чунин созмонҳои сиёсиро тарроҳони пасипардагии сиёсати ҷаҳонӣ бо назардошти оммавӣ будани шуури динӣ ва дини ислом зери парчами он созмон медиҳанд.

Бо таваҷҷуҳ ба ин воқеият, ки зиёда аз 97% мардуми Тоҷикистон мусулмонанд, ё худро мусулмон ҳисоб мекунанд, барои қонеъ намудани эҳсосоти муътадили динии ин мардум шароити мусоидро фароҳам овардан зарур аст. Яке аз вазифаҳои муҳим дар ин самт, ба мардум тарғиб намудан ва дуруст фаҳмонидани моҳияти дини ислом, тарғиби меҳру муҳаббат ва садоқат ба ҳамдигар, кӯшиши муштарак барои ба даст овардани саодати ин дунёӣ ва ондунёӣ ва дигар ғояҳои умумибашарии инсонпарваронаи дини ислом мебошад.

Меҳробҷони Рустам – сармуҳосиби кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант.