БАРТАРАФКУНИИ РОҲҲОИ ВАЙРОНШУДА

Левакант:  

ЛЕВАКАНТ: Дар боришоти шадиди шабонарӯзи охир ба роҳҳои мошингарди деҳаҳои Истиқлол ва Зағертути ҷамоати деҳоти "Ваҳдат"-и шаҳри Левакант лоиқа фаромада роҳҳо вайрон гардиданд. Масъулини ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Роҳсозон”-и шаҳри Левакант ва бахши ҳолатҳои фавқулодаи шаҳр, роҳҳои вайроншударо сари вақт аз лоиқа тоза намуда, селроҳаҳоро бартараф намуданд.

Инчунин дигар роҳҳои селфаро ва мавзеҳои хавфнок мавриди таваҷҷуҳи масъулин қарор доранд.