ВОХӮРӢ БО ҶАВОНОН БАХШИДА БА РӮЗИ ҒАЛАБА

Левакант:  
ЛЕВАКАНТ: Имрӯз 4-уми май, гурӯҳи кории муштараки Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш. Левакант, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр-Расулов Меҳтоҷалӣ, мутахасиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр-Моҳираи Абдуғаффор, раиси Ташкилоти собиқадорони ҷангу меҳнат-Султонов Ҳикматулло, мудири бахши кор бо занон ва оила-Халилова Нуқра, сармуҳаррири рӯзномаи «Нури Сарбанд»-Ашуров Орзу бахшида ба Рӯзи Ғалаба дар ҶБВ бо хонандагону омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №2 ва 8, суҳбату вохӯрӣ намуданд.
Дар ин вохӯрҳо ҳайати гурӯҳи корӣ дар хусуси Рӯзи Ғалаба дар ҶБВ, корнамоию қаҳрамонӣ, далерию шуҷоатмандии гузаштагонамон дар солҳои 1941-1945, ба хотири ин рӯзи пуритихори таърихӣ баргузор намудани барномаҳои гуногун, дар масъалаҳои доғи рӯз, пешгири аз амалҳои номатлуб, бегонапарастӣ, бедор кардани ҳисси миллию ватандӯстии ҷавонону наврасон, ҷалби ҷавонон ба омӯзиши илму дониш ва иштирок дар озмунҳои шаҳрӣ вилоятию ҷумҳуриявӣ баромад намуданд.
Масъулини муассисаҳои мазкур қайд намуданд, ки чандест дар муассисаҳо бахшида ба Рӯзи Ғалаба соатҳои тарбиявӣ ва чорабиниҳои гуногуни адабӣ гузаронида шуда, дар дигар самтҳо корҳои гуногуни маърифатию омӯзишӣ ҷараён дорад. Хонандагон бошад дар озмуну чорабиниҳо фаъолона иштирок намуда, сифати таълиму тарбия дар муассиса хуб ба роҳ монда шудааст.