ИДОМАИ АКСИЯИ ТОЗАГИИ “ҲХДТ- ҲИЗБИ СОЗАНДАВУ БУНЁДКОР”

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

ЛЕВАКАНТ: Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати ба кишвари сабз табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рафти иҷрои барқияи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳар ҳафта рӯзҳои панҷшанбе аксияи ҳизбӣ таҳти унвони "Рӯзи ободонию созандагӣ" бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроия, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ баргузор карда мешавад.

Чунин иқдомро имрӯз аз ҷониби ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Ободгарони Ватан" бо иштироки аъзоён ва ҷонибдорони доир карда шуд.

Ин навбат иштирокчиёни ин ташаббуси ҳизбӣ ба кучаҳои шаҳри Левакант баромада  бехи ниҳол ва гулҳои ороиширо нарм карда, атрофи биноҳо  ва дохили ариқҳои обравро аз партовҳо тозаю озода намуданд.