ВОХӮРИИ СОБИҚАДОРОН БО ХОНАНДАГОНИ МТМУ 14 БАХШИДА БА РӮЗИ ИДИ ҒАЛАБА

Левакант:  
ЛЕВАКАНТ: Бахшида ба Рӯзи иди Ғалаба, Раиси Ташкилоти собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Левакант-Султонов Ҳикматулло, аъзоёни фаъоли Ташкилот, подполковник Мастов А ва подполковник Саидов Ф ва дигар фаъолон бо хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14 вохӯрӣ намуданд.
Дар ин вохӯрӣ аз қаҳрамониҳои фарзонафарзандони миллати тоҷик дар Ҷанги Бузурги Ватани ёдовар шуда баромад намуданд.
Инчунин дар хусуси Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши давлатдорию давлатсозии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози назар шуд.
Ҳамзамон собиқадорон ба ҷавонон дар самти таълиму тарбия, шомил нашудани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб, даст назадан ба одатҳои баду омилҳои номатлуб, ҷалби ҷавонон ба хизмати Модар-Ватан таъкидҳои махсус карданд.