Вохӯрӣ дар самти истифодаи дурусти телфонҳои мобили

Левакант:  

ЛЕВАКАНТ: Дар ташкилоти  ибтидоии ҳизбии “Пайравони Сино”-и шаҳри Левакант имрӯз бо иштироки котиби ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ - муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ Холов Тоҳир, раиси ҷавонони муассиса Бобошои Абдусаттор, раисаи Шурои занон ва духтаарони муассиса Рашидова Суман,  тибқи талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва роҳнамоиҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз суханрониҳояшон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар бармеояд, ҳолати омодагии донишҷӯёни ҳамаи бахшу гуруҳҳо ба дарсҳо санҷида шуд.

Дар рафти санҷиш донишҷӯён таъкид карда шудаанд, ки ҳурмати падару модарон ва калонсолонро ба ҷо оранд, одаму одамгариро гум накунанд, таъриху тамаддун, фарҳангу забон, расму оину анъанаҳои бостонии худро пос доранд ва ҳифз намоянд.

Дар суҳбат ва санҷиши гузаронидашуда донишҷӯён даъват ба он карда шудаанд, ки ба ғамхориҳою муҳайё намудани шароит барои таҳсил ба ҷавонон ҷавобан хуб хондану соҳиби касбу кор ва ҳунар гашта, дар ободии Ватани азизамон саҳмгузор бошанд. Дар ин бора ба донишҷӯён иқтибос аз суханрониҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оварда шуда, донишҷӯён таъкид кардашудаанд, ки мувофиқи дастуру ҳидоятҳо ва роҳнамоиҳои Сарвари давлат илму дониш омӯхта, фирефтаи даъватҳои гуруҳҳои эктремистию террористӣ нагашта, ҳушёриву зиракиро аз даст надиҳанд, ба умеди ҳеҷ кас нашуда, Ватанамонро обод намоему оянда соҳибӣ намоем.

“Ҷалби ҷавонону наврасон ба илму дониш касбу ҳунар бояд дар маркази таваҷҷуҳи ҳамаи аҳли ҷомеа қарор дошта бошад”

Дар рафти суҳбатҳои фаҳмондадиҳӣ аз тарафи омӯзгорон донишҷӯён таъкид карда шудаанд, ки ба талаботҳои Қонунҳои амалкунанда аз қабили “Дар бораи масъулияӣти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъна ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи озодии виҷдон ва итиҳодияҳои динӣ” ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ қатъи риоя намуда, дар амалӣ гаштани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” саҳмгузор бошанд.

Риояи либосҳои тавсиявӣ, риояи истифодаи телефонҳои мобилӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ, шомил нашудан ба гуруҳҳои ифротӣ, омӯхтани илму ҳунар ва забон, иштирок дар корҳои ҷамъиятии муассиса, эътибор додан ба намуди зоҳирӣ, бо гуфтор ва рафтор диқати ҷидӣ диҳанд, чунки ин амалҳо яке аз вазифаҳои ассосии донишҷӯён ба ҳисоб меравад.

Чунин суҳбатҳою санҷишҳо бо мақсади таълиму тарбияи донишҷӯён дар ассоси дастуру ҳидоят ва роҳнамоиҳои Пешвои миллат бо мақсади ба пешравию дастовардҳо ноил гаштан дар таълиму тарбияи донишҷӯёни муассиса мунтазам гузаронида хоҳад шуд.