ТАЪСИРИ ИНТЕРНЕТ ВА ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА ПАҲНШАВИИ ИФРОТГАРОИИ ДИНӢ.

Левакант: Созандагони ватан  

ЛЕВАКАНТ: Бо мақсади пешгирии  ҷавонон  аз  таъсири  манфии шабакаҳои иҷтимоӣ ва шомилшави ба гурӯҳҳои ифротгароӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии  “Пайравони Сино”-и шаҳри Левакант имрӯз санаи 17.04.2024 бо иштироки котиби ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ- муовини директор оид ба корҳои тарбия Холов Тоҳир дар кафедраи фаннҳои "Ҷамъияти ва тиббӣ- риёзӣ" бо донишҷӯёни факултети "Кори ҳамширагӣ " дарси кушоди тарбиявӣ дар мавӯъи “Таъсири интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба паҳншавии ифротгароии динӣ”,

гузаронида шуд.

Гуфта шуд, ки интернет як ҷузъи ҷудонашавандаи ҳаёти аксари одамон махсусан ҷавонон табдил ёфта, дар баробари дигар имкониятҳо ба майдони муҳокимаи мушкилоти гуногуни иҷтимоӣ, баёни эҳсосот, фикру андешаҳои гуногун табдил ёфтааст.Ҷавонон нерӯи пешбаранда ва созандаи ҷомеаву Давлат ба ҳисоб мераванд. Ин аст, ки ҷавононро нерӯи шикастнопазир низ ном мебаранд. Ин сухан то ҷое ҷон дорад, зеро дар ин айём шахс аз чизе ё касе намеҳаросад, мақсаду мароми ояндаи худро муайян месозад ва барои худ ном интихоб мекунад. Яъне чи гуна инсон буданашро дар ин давра нишон медиҳад, ки дигар бо роҳи интихоб намудааш, давоми умр раҳсипор мегардад. Ногуфта намонад, ки ҳайати асосии корбарони шабакаҳои иҷтимоиро намояндагони қишри ҷавонон ташкил медиҳанд. Ҷавонон корбарони фаъоли шабакаи ҷаҳонӣ интернет буда, ҳиссаи асосии иттилоотро аз фазои интернет мегиранд, ки майдони мусоиди тарғибот барои гурӯҳҳои динӣ – ифротӣ ва террористӣ мебошад. Аз ин рӯ, душвории асоси сари он аст, ки шабакаи интернет фазои интиқоли босуръати иттилоот буда, сензура ва дигар шаклҳои назорат дар он дида нашуда, тамоми фаъолияти инсон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба таври пинҳонӣ, бе маълум кардани шахсияти одам амалӣ мешавад. Ин ҳолатро истифода намуда, гурӯҳҳои динию ифротӣ дар шабакаи умумиҷаҳонии интернет корҳои тарғиботию ташвиқоти бурда, пайравони зиёд, асосан ҷавононро ба сафи худ ҷалб менамоянд. Мо шоҳиди он ҳастем, ки нақши шабакаҳои иҷтимоӣ дар ҳаёти инсон торафт муҳимтар мегардад. Дар шабакаи интернет ба вебсаҳифаҳое вохурдан мумкин аст, ки террористӣ эътироф шудаанд, ҳамчунин вебсаҳифаҳое низ ҳастанд, ки қисман тарғибгари идеологияи ифротгароӣ ва терроризм мебошанд, вале мансубияти худро ба гурӯҳҳои ифротӣ ва террористӣ мустақиман нишон намедиҳанд. Дар шабакаи интернет бо истифодабарандагоне ру ба ру шудан мумкин аст, ки аз китобҳо ва матнҳои динӣ иқтибосҳо оварда, дигаронро барои мубориза бар зидди пайравони ақидаҳои дигар даъват намуда, таҷовузкориро дар саргаҳи муносибатҳои иҷтимоӣ қарор медиҳанд