МУҚОВИМАТ БА ИДЕОЛОГИЯИ ХАРОБИОВАРУ ЗИДДИИНСОНИИ ИН ҲИФЗИ АСОСҲОИ СОХТОРИ КОНСТИТУТСИОНӢ

Левакант: Вокуниш  

Боиси таассуф аст, ки бо вуҷуди ин қадар ғамхориҳо ва ҷонбозиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳоло ҳам дар байни мо нафароне пайдо мешаванд, ки ба қадри ҳаёти орому осоишта ва фаровону пурфайз намерасанд ва ё ин ҳама пешравиву дастовардҳои беназирро нодида мегиранд. Майлҳои бегонапарастӣ дар байни ҷавонону ҷавондухтарон ва мардону занони кишвар то ҳол ба назар мерасад. Ин зуҳуроти номатлуб моро водор менамояд, ки нисбат ба атрофиёни худ бетараф набошем ва ба гуфти Пешвои маҳбуби миллатамон “Ҳушёрии синфиро аз даст надиҳем.” Яке аз чунин зуҳуроти пурхавф ин рӯ овардани занону духтарони тоҷик ба сатри аврат маҳсуб меёбад. Аслан, ин тарзи либоспӯшӣ барои мардуми тоҷик бегона аст, хоси кишварҳои исломист. Боиси таассуф аст, ки аксари ҷавондухтароне, ки чунин тарзи либоспӯширо барои худ интихоб кардаанд, шояд аз асосҳои дини ислом бехабар бошанд ва як тақлиди кӯр-кӯрона асту бас. Дар кӯчаҳои шаҳр мебинем, ки онҳо бо либосҳои тангу тор, туфлиҳои пошнобаланд ва рангу бори аз ҳад зиёди лабу рӯ сатри аврат ба бар карда, дар даҳон сақич диққати атрофиёнро ба худ ҷалб менамоянд. Магар ин мусулмонӣ аст. Ин бегонапарастӣ нест?

Хурофоту бегонапарастӣ хатари ҷиддию ҷубронопазир ба имрӯзу ояндаи кишварҳои ҷаҳон дорад. Хурофот ҷаҳолат аст ва ҷаҳолат барои миллатҳо танҳо ва танҳо бадбахтиву дарбадарӣ меорад. Ҳар нафари ватандӯст, шаҳрванди асил, хосса, ҷавононро зарур аст, ки дар заминаи худогоҳии миллӣ ва ҳувияти фарҳангӣ андешаҳои таҳмилиро сари вақт дарк намуда, аз интишори он ҷилавгирӣ намояд ва нагузорад, ки ин беморӣ аз нав ба шаҳрвандон сироят кунад. Мақсади муқовимат ба идеологияи харобиовару зиддиинсонии экстремизму терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ҳифзи асосҳои сохтори конститутсионӣ, тамомияти арзии давлат, қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти ҷамъиятӣ, ҳифзи аҳолӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз таҳдидҳои экстремистӣ ва террористӣ мебошанд. Аз ин лиҳоз тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносии миллӣ ва қадр намудани арзишҳои волои Истиқлоли давлатӣ аз муҳимтарин омили пешгирии шомилшавии ҷавонон ва ҳифзи ҷомеа аз хатари ин вабои аср дониста мешавад.

Каниева Низора – мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант.