ХОИНОНИ ВАТАН БА МАҚСАДҲОИ НОПОКАШОН НАМЕРАСАНД!

Левакант: Вокуниш  

 Бисёр аламовар аст, вақте  мешунавем, ки як қисм ҷавонони тоҷик бар ҳар гуна  ҳаракату равияҳои ифротгароӣ ҳамроҳ гардида, ҷони ҳудро дар кишварҳои бегона,   баҳри манфиатҳои дунёхоҳон   беҳуда қурбон месозанд.  Кас ҳайрон мешавад, ки ба ин гуна ҷавонон чи намерасад ? Охир дар кишварамон барои таҳсилу фаъолият тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст.

Имрӯзҳо ифротгароёни халқи тоҷик бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ садои шағолманди худро аз манотиқигуногуни дунё бароварда истодаанд. Гарчанде, ки онҳо дар мамлакати мо қарор надоранд, бо вуҷуди ин, онҳо аз берун зарари худро расониданианд. Онҳо дар кишварҳои ғарбӣ худро ҷабрдидаи сиёсӣ ва намояндагони қувваҳои демократӣ муаррифӣ намуда, бо фиребу найранг аз ин кишварҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ садҳо ҳазор доллар кӯмак мегиранд, ин ҳақиқат собит месозад, ки баъзе аз кишварҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ низ огоҳона ё ноогоҳона терроризм ва экстремизмро маблағгузорӣ мекунанд. Яке аз душманони давлати Тоҷикистон Муҳаммадиқболи Садриддин аз берун истода заҳри худро ба мардуми тоҷик ранги мори афъи мечошад, ки аз амалҳои маккоронаи ӯ кулли мардум ва мақомотҳои дахлдор бохабар аст.

Ҳар нафаре, ки боре чеҳраи Муҳаммадиқболи Садриддинро зимни пахши “хабарҳо”-яш дар сомонаи “Ислоҳ.нет” дида бошад, эҳсос кардааст, ки пушти ин заҳрханди ҳамешагии чоплусона чӣ махлуқе пинҳон аст.Оне, кибо намои бетағйир ҳар ҳодисаву воқеаи кӯчаки дар Тоҷикистонба вуқӯъ пайвастаро ба риштаи танқид мекашад, кист? Чӣ гузаштае дошт? Муҳаммадиқболи Садриддин писари яке аз таъсисдиҳандагон ва фаъолони ТЭТ ҲНИ Садриддинов Қаландар мебошад, ки солҳои нооромӣ маҳз бо ҳидояти ӯ мардуми минтақаи Бохтар( Қӯрғонтеппаи собиқ) ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳамчун гуреза паноҳ бурдаанд.Чун ин усул низ пешакӣ андешида шуда, мардум маҳз ба хотири рӯёндани маблағҳои калони пулӣ барои буду боши гурезагон ва ҳам истифодаи номи “гуреза” аз рӯйи ақидаҳои сиёсӣ истифода шуданд. Бо ҳидоятҳои падар Муҳаммадиқбол солҳои1992-1997 дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон таҳсилоти ифротгароӣ гирифта, аз шогирдони муваффақи як пойгоҳи таълимоти экстремистию ифротгароии ин кишвар гардидааст.

Бефаросатӣ ва бешармие, ки аз чеҳраи Муҳамадиқбол пайдост, аз тарбияи нохуб ва гузаштаишармоварипадараш Мулло Қаландар сарчашма гирифтааст. Аҷоибаш он аст, ки ин мубаллиғон бо вуҷуди доштаникамбудиву нқсонҳои зиёди ҳаётӣ ва ноҷавонмардиҳо нисбат ба наздикону пайвандони худ аз камбудиҳои як давлат ва як миллат бо танз сухан мегӯянд. Шурӯъ аз Кабирӣ, ки ҷанозаи модари чашм ба роҳ мондаи худро бо телефон хонд. Муҳаммадиқболи Садриддин, ки ба ҷанозаи падари дар ғарибиву ғурбат ҷондодаи худ рафтанро лозим надонист.

Агар одам ба падару модари худ, ки ба умеде фарзанд гуфта, нури чашм гуфта калон мекунад, эҳтирому эътиқод надошта бошад, магар аз чунин ашхос барои дар рӯзи мотами ҳамсояи худ, ҳамватани худ сугворӣ кардан бӯйи умед ҳаст? Барои кутоҳии сухан мо аз баёни сифатҳои намояндагони дигари ин гурӯҳи хиёнаткор ва ватанфурӯш худдорӣ мекунем, чунки ба қавли Саъдӣ: “андак нишонаи бисёр асту муште намунаи хирвор”.

Мо, имрӯз ҷавонон ва алалхусус халқи тоҷик фахр аз он мекунем, ки бар сари давлати мо Тоҷикистони соҳибистиқлол марди шуҷоъ, марди Худо, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат-муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарварӣ мекунанд. Халқи парокандаи давлатро сарҷамъ намуда дар арсаи байналмиллалӣ нашъунамо намуданд, ки ин аз мардонагию ватанпарастии он кас дарак медиҳад. Дар ҳақиқат ҳам “Аз ин марди Худо, эй ҳамватан, шукрона бояд кард”.

Абдуллоев Эмомалӣ – котиби ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Сайёҳ”-и шаҳри Левакант.