Баргузори маъракаи ниҳолшинонӣ

Хуросон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Баҳри дар амал иҷро намудани дастуру супоришҳои сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба тарзи зарурӣ ба роҳ мондани маъракаи ниҳолшинонӣ ва ба давлати сабз табдил додани кишвари азизамон имрӯз дар ноҳияи Хуросон маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор карда шуд.

Ин анъанаи ниёгонамон дар ноҳия пайгирӣ гардида, дар ҷойҳои мувофиқ бахусус талу теппаҳо шинонидани ниҳолҳои ҳамешасабз ва ороишӣ ба нақша гирифта шуда, дар оянда идома хоҳад ёфт.