ФЕСТИВАЛИ "ҲУНАР БЕҲ АЗ ЗАР БУВАД"

Хуросон:  

Бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии ҳизбии" Шуғли аҳолӣ" тибқи Низомномаи тасдиқ намудаи Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фестивали ҳунармандони Тоҷикистон "Ҳунар беҳ аз зар бувад" доир гардид.

Фестивал ҷиҳати иҷрои банди 10 "Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифати ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои моли 2024", ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2024, № АП-470 ба тавсиб расидааст ва ба муносибати қабул гардидани ҳунарҳои кирмакпарварӣ, абрешимбофӣ ва санъати кашидадӯзӣ ба феҳрести осори фарҳанги ғайримодии СММ оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг - ЮНЕСКО ва эҳёи дигар ҳунарҳои қадимаи миллӣ гузаронида шуд.

Дар чорабинӣ ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва ташкилоту муассисаҳо иштирок варзиданд. Дар охир ба ғолибон Ифтихорномаҳо супорида шуд.