МАҶЛИСИ РАЁСАТИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Хуросон:  

Санаи 23 апрел дар толори маҷлисгоҳи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар Маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар семоҳаи якуми соли 2024 ва нақшаҳо барои оянда баргузор гардид.

Дар Маҷлиси Раёсат Саидзода Ҷамшед Ҳамро, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, Садриддин Ширинбекзода, мудири шуъбаи таблиғот ва ташвиқоти Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муовини раиси Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб, раисону сармуҳосибони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳо ва мудирони шуъбаҳои Кумитаи иҷроияи вилоятӣ иштирок доштанд.

Маврид ба зикр аст, ки дар маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб ду масъала, аз ҷумла ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар семоҳаи якуми соли 2024 ва нақшаҳо барои минбаъда ва масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Нахуст, Саидзода Ҷамшед Ҳамро, раиси Кумитаи вилоятии ҳизб маҷлиси Раёсатро кушода, рӯзномаи маҷлисро ба ҳамагон шинос намуд.

Сипас, Наврӯз Ҳусейнзода, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилоят ба сухан баромада, аз ҷумла қайд кард, ки Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар семоҳаи якуми соли равон як қатор корҳои назаррасеро ба анҷом расонидааст. Аз ҷумла, ҷиҳати дар сатҳи баланди сиёсиву ташкилӣ таҷлил намудани 30- солагии таъсисёбии ҲХДТ ва 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мунтазам тадбирҳои заруриро амалӣ намуда истодааст.

Қайд гардид, ки ҳаракати аъзои ҳизб дар ташкилотҳои ибтидоӣ тибқии Оинномаи ҲХДТ ва Роҳнамо барои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ суратт гирифта, дар давраи ҳисоботӣ дар асоси андешидани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ шумораи аъзои ҲХДТ дар вилоят ба 196 ҳазору 34 нафарро расидааст. Тибқи банди 4.1 Оинномаи ҲХДТ асоси ҳизбро ташкилоти ибтидоӣ ташкил медиҳад. Дар асоси маълумоти оморӣ дар вилоят 2 2 ҳазору 847 адад ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ фаъолият дошта, дарр амалисозии ҳадафҳои барномавии ҲХДТ ва иҷрои дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми арзанда доранд. Лозим ба ёдоварист, ки нишондиҳандаҳои фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва сохторҳои ҳизбии он дар семоҳаи якуми соли 2024 дар таносуб ба ҳамин давраи соли гузашта барзиёд иҷрошуда арзёбӣ мегардад.

Сипас, Саидзода Ҷамшед Ҳамро, вобаста ба Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолони ҷомеа ва ходимони дини кишвар, қабули аъзо ба сафи ҳизб, афзоиши шумораи ташкилотҳои ибтидоӣ аз ҳисоби корхонаҳои навтаъсис, пардохти саривақтии ҳаққи узвият, интишори мавод дар сомонаҳои ҳизбӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ, пешниҳоди андешаву вокунишҳо ба маводҳои муғризонаи хоинони миллат, тақвият бахшидани ташаббусҳои ҳизбӣ дар доираи аксияҳои ҳизбӣ таҳти унвонҳои “Якҷоя месозем!”, “ҲХДТ - ҳизби созандаву бунёдкор!”, пешниҳоди матлабҳои таҳлилӣ ба нашрияи Марказии “Минбари халқ”, сафарбаркунии шаҳрвандон барои кор ба НБО-и “Роғун”, вусъат бахшидани чорабиниҳои гуногуни ҳизбӣ бахшида ба 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ, сафарбаркунии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ тибқи “Роҳнамо барои сарбози ихтиёрӣ”, истифодаи самараноки замин, дастрасии сокинон ба Муроҷиатномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон оид ба дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат дар мулоқот бо фаъолони ҷомеа ва ходимони дини кишвар суханронӣ карда, раисони кумитаҳои иҷроияи шаҳру ноҳияҳоро ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои дар болозикршуда вазифадор намуд.

Дар идома, Садриддин Ширинбекзода, мудири шуъбаи таблиғот ва ташвиқоти Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ зимни баромади хеш ироа дошт, ки агар ба таърихи таъсисиёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон назар афканем, эътимодманд мешавем, ки ин ташкилоти бонуфузи сиёсӣ аз андешаи марди худогоҳу хештаншинос, фарзанди баруманди халқи тоҷик Пешвои миллат сарчашма мегирад. Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз оғози соҳибистиқлолии кишвар лозим шумориданд, ки чунин ташкилоти сиёсӣ дар Тоҷикистон арзи ҳастӣ дошта бошад, барои мардум хизмат намояд ва таъсиси ин ҳизби сиёсиро пешниҳод карданд. Хушбахтона, имрӯзҳо мо мардуми шарифи Тоҷикистон дар арафаи 30-солагии таъсисёбии ин ҳизби пешбарандаи ҷомеа қарор дорем. Қайд кардан ба маврид аст, ки нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ муҳим арзёбӣ гардида, таҳти шиори “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум!” фаъолият менамояд. Аз ин лиҳоз мо ҳизбиёнро зарур аст, ки дар татбиқи ғояҳои барномавии ҳизб, дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешрафту шукуфоии Ватани азизамон қадамҳои устувор гузошта, ин санаи муҳими таърихиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол бигирем.

Баъд аз баррасии масъалаҳои муҳокимагардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

Чун анъана ҳар семоҳа тибқи Рейтинги ҳизбӣ кумитаҳои иҷроияи фаъол қадрдонӣ карда мешаванд.

Дар ин семоҳа ҷойи сеюм насиби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён, ҷойи дуюм Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор ва ҷойи якум бо “Ҷоми сайёр” насиби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон дониста шуд.