КИ ҲХДТ ХУРОСОН: ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПИЛЛА ОҒОЗ ЁФТ!

Хуросон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Соли равон дар ноҳияи Хуросон тақсимот ва парвариши пилла сари вақт оғоз гардида, мувофиқи нақшаи пешбинишуда 400 адад қуттии кирмак ба 335 хоҷагиҳои деҳқонӣ тақсим карда шуд.  Кирмакпарварони ноҳияро зарур аст, ки аз шумори умумии қуттиҳои кирмак ба хазинаи ноҳия 12 тонна пилла хушсифат ворид намоянд.  То имрӯз ба идораи пиллаи ноҳия 1180 кг ашёи пурарзиш ворид карда шуда, ҷамъоварӣ ва қабули пилла бо маром идома дорад.