БАРГУЗОРИИ АКСИЯИ ТОЗАГӢ "САҲМИ МАН ДАР ВАТАНИ МАН".

Хуросон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси барқияи телефонии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон аз 6 марти соли 2024, №1/2-08 ҷиҳати ободу зебо ва шукуфон намудани Ватани азизамон, аз ҷумла вусъат бахшидани корҳои созандагиву бунёдкорӣ бо баргузор намудани Аксияи ҳизбӣ зери унвони “ҲХДТ-ҳизби созандаву бунёдкор” бахшида ба 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ имрӯз аз ҷониби 10 нафар кормандони ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён” аксияи тозагӣ таҳти унвони "Саҳми ман дар ватани  ман" доир карда шуд.

Дар аксияи мазкур дар шоҳрои Душанбе,Қурғонтепа атрофи роҳравҳо, гулгаштҳо, ҷӯйборҳо, аз ҳар гуна партовҳо тоза намуда, дар тозаю озода нигоҳ доштани симои шоҳроҳ саҳми арзандаи худро гузоштанд.