САБЗУ ХУРРАМ НАМУДАНИ ВАТАН ДАР ДАСТИ МО ҶАВОНОН АСТ!

Хуросон: Созандагони ватан  

Бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни байналмилалии Наврӯз тибқи нақша чорабиниҳои ТҶҶ "Созандагони Ватан" дар ноҳия ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ корҳои созандагиву бунёдкорӣ вусъати тоза гирифта, чунин иқдомҳои ободонӣ дар ҳудуди ноҳия ҳамарӯза идома дошта, симои онро боз ҳам зебову назаррабо намуда истодааст.

Боиси қайд аст, ки назди ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар ноҳия, хиёбону кӯчаҳои шаҳраку деҳаҳои ноҳия бо шиору овезаҳо, байрақу Парчамҳои давлатӣ зебу зинат дода шуда, муҳити атроф тозаву озода шуда истодааст. Ин навбат дар ҷ\д Фаробод- и ноҳияи Хуросон бо ҷалби аъзои ТҶҶ Созандагони Ватан дар ноҳия аксияи тозагӣ зери унвони " Сабзу хурам намудани Ватан дар дасти мо ҷавонон аст" баргузор гардид.