КУМАКРАСОНИ БА ОИЛАҲОИ НИЁЗМАНД!

Хуросон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси нақша-чорабиниҳои ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҷамоати шаҳраки Обиикик”, сана 20 марти соли 2024 бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҷамоати шаҳраки Обикиик”-и ноҳияи Хуросон, дар якҷоягӣ бо раисони кумитаву маҳаллаҳои ҷамоати шаҳраки Обикиик  ва иқдоми пешгирифтаи ҷавонон, саховатмандон, соҳибкорон ва аъзои фаъоли ҳизбии ташкилоти ибтидоии “Ҷамоати шаҳраки Обикиик” дар ҳошияи дастуру роҳнамоиҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дастгирии гурӯҳҳои ниёзманди аҳолӣ аз вазифаҳои хоссаи сохторҳои ҳизбӣ ва аъзои саховатпешаи ҳизб ба ҳисоб меравад”, ки он ба роҳ монда шудааст.

Бояд қайд намуд, ки дар арафаи моҳи шарифи Рамазон ва бахшида “Ҷашни байналмиллалии Наврӯз” бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҷамоати шаҳраки Обиикик”-и ноҳияи Хуросон, дар якҷоягӣ бо раисони кумитаву маҳаллаҳои ҷамоати шаҳраки Обикиик ва иқдоми пешгирифтаи ҷавонон, саховатмандон, соҳибкорон ва аъзои фаъоли ҳизбии ташкилоти ибтидоии “Ҷамоати шаҳраки Обикиик” ба 10-нафар ятимон, маъюбон ва оилаҳои камбизоат, маводҳои ғизоӣ аз қабили орд-10 кг, равған-5 кг, макарон -5 кг ва маҳсулоти шириниву шири кӯмак карда шуданд.