Таъмини амнияти озуқаворӣ фаъолияти бештарро талаб менамояд!

Хуросон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 Дар доираи дастуру ҳидоятҳои раиси Муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар як нафар ва ҳар хоҷагидор ӯҳдадор аст дар таъмини озуқаворӣ ба аҳолӣ заминҳои хоҷагӣ ва наздиҳавлигии худро самаранок истифода бурда саҳми босазои худро гузорад ва аз як Замин ду се ҳосил ба даст оварад.Бо ин мақсад муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон - Ғуломов Саидасрор Ҷурабекович аз заминҳои назди ҳавлигии ҷамоати деҳоти Ҳилолӣ, аз гармхонаҳои онҳо,кӣ маҳсулоти сабзавот ба аҳолӣ таъмин менамояд  дидан намуда ба деҳқонон истифодаи самараноки заминҳоро зарур ва ҳатмӣ шуморида анд ва тавсияҳои худро ба онҳо расониданд.