РОҲҲО ПАЙВАНДГАРИ ҚАЛБҲО!

Хуросон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ташаббусҳои ҳизбӣ  Дар тӯли солҳои истиқлолият инфрасохтори иқтисодиёти кишвар, аз  ҷумла нақлиёт яке аз заминаҳои асосӣ ва муайян кунандаи рушди иқтисодӣ ба ҳисоб меравад.Инкишофи соҳаи нақлиёт дар навбати худ воситаи мусоидат ба савдои дохилӣ ва хориҷӣ буда, омили асосии рушди муносибатҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва транзитии байналмиллалии кишвар мансуб меёбад.Дар раванди таъмиру азнавсозии роҳҳои ноҳия то ба талаботи замона ҷавобгӯ намудани онҳо саҳми аъзоёни ТИ “Роҳсози” – и ноҳия хело бориз буда, ҳама рӯза аъзоёни ин ташкилот дар ин самт корҳои назаррасеро ба сомон расонида истодаанд. Ин навбат аъзоёни ташкилотҳои корҳои созандагиро дар самти таъмир роҳҳо дар шоҳроҳи Қурғонтепа ,Душанбе ноҳияи Хуросон ҷамоати деҳоти Ҳилолӣ  оғоз намуда роҳҳои ҷамоати мазкурро бо масофаи 60м дарози 12м паҳнои тасмим гирифтаанд, ки дар муддати кӯтоҳтарин аз таъмири ҷорӣ ва  қисман капитали бароварда бошанд.