МО ТОҶИКЕМ БАЪД МУСУЛМОН!

Хуросон: Андеша  

Зимни иштирок дар Мулоқоти Пешвои Миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони фаъоли ҷомеъа ва ходимони дин, ки санаи 09.03.2024 сол дар Кохи Ваҳдат баргузор гардид, ҳар як шахси соҳибфикру ватандустро водор месозад, ки ҳидоятҳо ва пешниҳодҳои дақиқу таҳлилгардидаи Ҷаноби Олӣ, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро оиди баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносӣ ва худогоҳии хешро сайқал диҳад.

Дар ибтидо Пешвои Миллат кулли мардуми Тоҷикистонро ба муносибати фаро расидани моҳи шарифи Рамазон – моҳи таҳамулпазирӣ, хайру саховатмандӣ ва амалҳои нақукорию эҳсонкорӣ, хайру садақот, самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар як сокини мамлакат сулҳу оромӣ, файзу баракат ва зиндагии босаодат орзу намуд. Моҳи Рамазон фурсати беҳтарин барои вусъат додани амалҳои хайру савоб дар ҳаққи ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоату бесаробонмонда, ниёзмандону дармондагон ва наздикону пайвандон мебошад. Охири соли гузашта дар Паёми Роҳбари давлат самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии давлати Тоҷикистон ва моҳи январи соли ҷорӣ дар маҷлиси васеи Ҳукумати мамлакат оид ба ҷамъбасти соли 2023 дастовардҳои ноилшудаи мардуми кишвар муфассал таҳлил гардида, вазифаҳо барои ояндаи наздик муайян карда шуданд.

Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҳамчун арзиши олӣ муносибат намуда, барои амалӣ гардонидани онҳо усулу воситаҳои заруриро дар сохтори давлатӣ ташаккул дод, таъсиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим дар назди Ҳукумат, Муассисаи давлатии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти мамлакат, Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам, қабули қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», бақайдгирии 4 ҳазор иттиҳодияи динӣ, яъне масҷидҳо ва ташкили сафари дастҷамъонаи шаҳрвандон ба ҳаҷ ва умра аз ҷумлаи иқдомоти дар ин самт амалигардида мебошанд.Имрӯз дар Тоҷикистон ба 2000 нафар шаҳрванд як масҷид рост меояд, дар ҳоле ки ин нишондиҳанда дар кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 3 – 3,5 ҳазор ва дар дигар кишварҳои мутараққии ҷаҳон 5 – 5,5 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Бо ву ҷуди ин ҳама дастгириҳо ва пешравиҳо дар самти дину диндорӣ дар ҷомеъа имрӯза нафароне ёфт мешаванд ки аз ин сиёсати хирадмандонаи Пешвои Миллат норозигӣ баён намуда ба ҷомеъа таълимоти нодурусти динӣ, ки ба хурофотпарастӣ ва ифротгароӣ оварда мерасонад, дар нати ҷа гуруҳҳои тундрав аз ин қишри ҷомеъаи ноогоҳро бо фиребу найранг ба коми худ кашида зидди ватану давлати худ барои амали намудани ғаразҳои нопоки худ истифода менамоянд. Соли 2010 аз ҷониби Ташкилоти ҷаҳони ислом оид ба маориф, илм ва фарҳанг (ИСЕСКО) пойтахти фарҳанги исломӣ эълон гардидани шаҳри Душанбе далели возеҳи он мебошад, ки тоҷикон дар ҷодаи ҳифзи мероси динӣ, ғанӣ гардонидани он ва умуман фарҳангу маорифи исломӣ дар сатҳи ҷаҳони ислом саҳми арзишманд гузоштаанд.

Истиқлоли давлатӣ ба мо – миллати тамаддунсози тоҷик – имкон фароҳам овард, ки асарҳои бузургонро ва ҳамчунин расму ойинҳои миллӣ ва маросиму идҳои динӣ – ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон, Тиргону Сада ва идҳои Рамазону Қурбонро ҳамчун ҷузъи фарҳанги миллӣ эҳё карда, онҳоро бо иштироки озодонаи хурду бузурги мамлакат ва бо ифтихор аз таърихи беш аз шашҳазорсолаи миллати тоҷик таҷлил намоянд.

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷихати таърихи кӯҳанбунёд ва соҳибтамаддуни беш аз 5500 -6000 солаи халқи Тоҷикро бо ин исбот намуд, ки гуфтанд «Ман Тоҷикам, баъд мусулмон», яъне ин гуфтаҳо шоҳидӣ аз он медиҳанд, ки пеш аз нузули ислом халқи Тоҷик соҳиби давлату давлатдорӣ ва мақоми волое дар арсаи ҷаҳони қадима дошта ҳатто аз аввалин давлатдори тараққикардаи олам ба шумор мерафт. Ҳамчун идомаи корҳои анҷомдодаи гузаштагони некноми худ дар роҳи ҳифзу такомули арзишҳои эътиқодиву ахлоқии дини мубини ислом, фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит ё Имоми Аъзам поягузори бузургтарин мазҳаби таҳаммулгарои ислом аст, ки шумораи пайравонаш қариб 60 фоизи мусулмонони дунё, яъне беш аз нисфи эътиқодмандони дини исломро ташкил медиҳад.

Халқи мо сангинтарин мушкилотҳоро дар тули таърихи худ бартараф сохта, ба ин рӯзҳои нек расид, дар ҳоле, ки баъзе давлатҳо ва миллатҳо аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест шудаанд, аммо баръакси хостаҳо ва нақшаҳои душманони миллати мо давлати нави соҳибистиқлол, созандаву бунъёдкор эҳё шуд ва аз хатари пароканда шудан наҷот ёфт.

Мо боварии коми дорем, ки Халқи мо – мардуми сарбаланди Тоҷикистон – барои бунёди зиндагии аз ин ҳам босаодату осуда қудрату тавоноӣ доранд!

Бозоров Р.С. - Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон