БАХШИДА БА “СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ” ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИ ҲАҚИҚАТ -2.

Хуросон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ҳошияи дастуру супоришҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат оид ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва дар доираи қонунҳои амалкунанда ҳидоят намудани насли наврасу ҷавон ва тамоми қишрҳои ҷомеа.

 Имрӯз дар асоси нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Хуросон бахшида ба эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии Ҳақиқат-2”-и ҷамоати деҳоти Ғалаобод  бо иштироки васеи аъзоёну ҷонибдорони ҳизб суҳбату вохури  дар мавзӯи “Маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон баланд бардошта мешавад” доир гардид.

Дар рафти мулоқот Мудири бахши кор бо ҷавонон ва занони  КИ ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Ш.Равшанзода иштирок намуда, мақсаду муҳтавои эълон гардидани соли мазкурро ба ҷамъомадагон фаҳмонида аз тамоми иштирокдорн даъват ба амал оварда шуд,  ки ҳамеша дар доираи қонунҳои амалкунандаи кишвар кору пайкор намуда, инчунин насли ҷавону наврасро низ дар  чаҳорчӯбаи қонун тарбият намуда бошанд.

Шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар ноҳияи Хуросон.