Марҳилаҳои инкишофи илми ахлоқ ва ахлоқ дар замони муосир!

Хуросон: Андеша  

Афкори ахлоқии форс-тоҷик аз қисматҳои таркибии ахлоқи умумиҷаҳонӣ мебошад. Илми ахлоқ дар сайри таърихии худ марҳалаҳои инкишофи давраҳои гуногунро аз сар гузаронда, ба ҳаёти ҷомеа ҳамеша таъсир расондааст. Агар мутафаккирони атиқа дар ибтидо ахлоқро ҳамчун таълимо­ти роҷеъ ба фазилату накӯкорӣ дониста, онро бештар ба маънавиёти шахс маҳдуд карда бошанд, минбаъд бештар ба омӯзиши ҷиҳатҳои ҳақиқати айнӣ (объективӣ)-и он майл намудаанд; доираи таҳқиқи масоилаш васеътар ва аз лиҳози назарӣ гуногуну мукаммалтар гардид. Намояндагони барҷастаи афкори ахлоқӣ дар Аврупо Гоббс, Спиноза, Кант, Гегел, Фейербах ва дигар ба омӯзиши таносуби байни қоидаҳои ҷамъиятӣ ва талаботи фардӣ бештар таваҷҷуҳ намудаанд. Онҳо барои бартарафсозии маҳдудиятҳои илми ахлоқ саъй намуда, ба маънидоди аниқу таърихии он хеле наздик шудаанд.
Дар марҳалаи кунунӣ олимон комёбиҳои давраи атиқа, асрҳои миёна ва давраи наву навтаринро ҷамъбаст намуда, маҳдудиятҳои таълимоти пешинро бартараф месозанд. Онҳо ахлоқро ҳамчун инъикоси муносибати воқеии байниинсонӣ, яке аз шаклҳои пойдорию такомули маънавии афрод мешуморанд, онро дар ҷараёни инкишоф, ҳаракату тағйирот, таназзулу болоравӣ дида, ҳамчун ҷараёни таърихӣ таҳқиқ менамоянд. Ахлоқ арзишҳои умумиинсонии маънавӣ, меъёрҳои рафтору атвори одамон ва муносибати мутақобилаи онҳоро инъикос намуда, дар иҷрои меъёрҳояш ба афкори умум такя мекунад. Ахлоқе ки ба талаботи таррақиёти иҷтимоӣ мувофиқ аст ва пайваста, инкишофи таърихро метезонад, ахлоқи ҳақиқӣ ба шумор меравад. Беҳуда нест, ки аксари мутафаккирон ахлоқ муъҷизаи олии маънавӣ маънидод кардаанд.
Ғуломов Саидасрор - муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон