ХОНИШИ СИЁСӢ БО ҶАВОНОН

Хуросон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси Нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон, имруз  вобаста ба баргузории Амалиёти муштараки ҳизбии "Соати сиёсӣ" аз ҷониби кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон ва шуъбаи маорифи ноҳия дар муассисаи таълимии №9 ноҳияи Хуросон ташаббуси ҳизбии “Соати сиёсӣ” баргузор карда шуд.

Соати сиёсӣ мавзуҳои мубрами рӯзро дар бар гирифта маърузачиён оид ба нақш ва саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар таҳкими Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барқарор кардани сулҳу субот дар мамлакат, устувор гардонидани пояҳои иқтисодии давлат ва ба як кишвари пешрафта табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуданд.

Ҳамзамон вобаста ба обруву эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ ва масъалаҳои мубрами рӯз яъне самаранок истифода бурдани захираҳои обӣ  ва тозаю озода нигоҳ доштани муҳити зист ибрози андеша намуданд.