ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД!.

Хуросон: Андеша  

«Модар офарарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерўбахши рўҳу ҷон мебошад.
Ма
ҳз ба ҳамин хотир, мардуми тоҷик ва умуман, аҳли башар ба ин тимсоли беҳамтову ҷовидона арҷ мегузоранд, бузургии ўро ситоиш менамоянд ва дар наздаш ҳамеша сари таъзим фуруд меоранд. Мо низ бо ҳамин сабаб ҷашни фархундаи рўзи модарро бо фарорасии баҳор ва соли нави аҷдодӣ мутобиқ карда, ин ду рамзи некиву саодатро пайи ҳам таҷлил менамоем. Зеро меҳру муҳббат ва файзу сафои модарон бо айёми эҳё шудани табиат таҷассумгари идомаи ҳаёт ва фардои нек мебошад».
Эмомал
ӣ Раҳмон

Зан-Модар олиҳаест, ки нуру зиёи олам дар замири вай ниҳон мебошад. Расидан ба қадру қиммати модар ва эҳтироми зан рисолат, вазифа ва қарзи ҳар як инсон аст. Инсон вақте ин рисолат ва қарзро адо карда метавонад, ки ба қадри ранљу азоб, бедорхобӣ, шири поку ҷонбахш дилзўзиву ғамхорӣ ва ҷоннисориҳои модар расад.
Адабиёти
ҷаҳоншумули тоҷику форс ҳусну малоҳат, далериву шуҷоат ва сабру матонати зани тоҷикро ҷовидона васф кардааст, ки то ба имрўз сазовори таваҷҷуҳ ва эҳтироми одамиён гаштааст.
Бузургтарин вазифаи модари то
ҷик аз азал тарбияи фарзандони ватандўсту ватанпараст, бонангу номус, нобиғову, хирадманд, далеру шуҷоъ, озодихоҳу адолатпарвар ва ҳунарманду созанда будааст. Ин рисолат дар замони соҳибистиқлолӣ бо дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи зарурӣ амалӣ гашта, боиси ҳарчи бештар фаъол гаштани нақши занон дар ҷомеа гардидааст.
Занон дар раванди та
ҳкими давлат дории миллӣ рисолати нигоҳдорандаи фарҳанг, забон, урфу одат ва анъанаҳо, рисолати ҳифзкунандаи муқаддасоти оила ва тарбияи фарзанд ва рисолати ходими фаъоли ҷамъиятию давлатро адо намуда истодаанд.
Модарон
ҳамчун чароғи хонадон барои тарбияи фарзанд масъул мебошанд ва танҳо меҳру муҳаббат ва сухани нарми модар метавонад фарзандро дурўст ба камол расонад, обрўи оиларо дар миёни хешу табор, аҳли ҷомеа ва берун аз он баланд бардорад.
Ташкили оилаи солим ва таъмини му
ҳити созанда дар он яке аз омилҳои муҳими таъмини хушбахтии ҳар як фард ба шумор меравад. Вобаста ба ин зарур аст, ки арзишҳои валои суннати оиладории мо ҳаматарафа тартиб карда шаванд.
Рўзе модар, рўзи из
ҳори меҳру муҳаббат ба он нафаронест, ки бо валотарин суханҳо ба онҳо изҳори эҳтирому муҳаббат ва самимияту садоқат дошта бошем ва месозад, ки дар њастии инсоният саҳми беандоза доранд.
Бигзор доимо табассуми Зан-Модар бо зебоии худ ру
ҳбахши зиндагии мо бошад.
Бигзор саодату бахт доимо
ҳамқадами Шумо, бонувони гиромӣ, дар арсои ҳаёт бошад.

ФАРЗОНА СУЛАЙМОНОВА - муовини раиси ташкилоти ибтидоии
ҳизбии " ҷамоати С.Айнӣ".