СУҲБАТУ ВОХУРИ БАХШИДА БА “СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ”

Хуросон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ҳошияи дастуру супоришҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат оид ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва дар доираи қонунҳои амалкунанда ҳидоят намудани насли наврасу ҷавон ва тамоми қишрҳои ҷомеа таърихи 27-уми феврали соли 2024 дар асоси нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Хуросон бахшида ба эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбииОбиёри бо иштироки васеи аъзоёну ҷонибдорони ҳизб суҳбату вахури  дар мавзӯи “Маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон баланд бардошта мешавад” доир гардид. Дар рафти суҳбат муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон. Ғуломов Саидасрор. иштирок намуда, мақсаду муҳтавои эълон гардидани соли мазкурро ба ҷамъомадагон фаҳмонида аз тамоми иштирокдорн даъват ба амал оварда шуд,  ки ҳамеша дар доираи қонунҳои амалкунандаи кишвар кору пайкор намуда, инчунин насли ҷавону наврасро низ дар  чаҳорчӯбаи қонун тарбият намуда бошанд.

Шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар ноҳияи Хуросон.