ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ -МАСЪАЛАИ МУҲИМИ ДОҒИ РӮЗ

А.Ҷомӣ: Вокуниш  
Воқеаву ҳодисаҳои мухталифи Ҷаҳони имрӯза собит месозад, ки проблемаи терроризми байналхалқӣ ва экстремизми динӣ, яке аз масъалаҳои муҳим ва доғи рӯз боқӣ мондааст ва ҳал намудани ин мушкилӣ дар хамбастагии қудрат ва имконоти дохилию хориҷии кишварҳои ҳампаймон имконпазир мегардад. Маҳз ба ҳамин хотир дар чаҳорчӯбаи Созмони амният ва хамкории дастаҷамъӣ ва дигар созмону ташкилотҳои байналхалқии бехатарӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қувваҳои Мусаллаҳи он бар зидди тер-роризму экстремизм, нашъаҷаллобӣ, ҳодисаҳои сарҳадшиканӣ ва дигар ҷиноятҳои муташаккул муборизаи беамон бурда истодааст.
Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба низоми нави ҷаҳонӣ ва масъалаҳои глобалии ҳалталаб, аз ҷумла пешгирӣ ва решакан намудани терроризму экстремизми динӣ дар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ борҳо иштирок ва суханронӣ намуда, аз ин минбарҳои баланд ин зуҳуроти номатлубро маҳкум намудааст. Натиҷаи таъкид ва роҳнамоии хирадмандонаи Роҳбари давлат боиси он гардид, ки садҳо нафар волидони ғофил аз ҳолу аҳволи фарзандонашон, ки дар таълимгоҳҳои ифротгароии динӣ ва террористии кишварҳои хориҷӣ қарор доштанд, ба изтироб афтода, барои бозпас омадани онҳо чораҳои қатъӣ андешиданд.
Насли ҷавони кишвар ва ҷомеаи моро лозим аст, ки аз имконоти фароҳамовардаи давлату ҳукумат барои таълиму тадрис, пойдории сулҳу субот дар кишвар самаранок истифода бурда, фарзандонро дар руҳияи хештаншиносиву ватандӯстӣ тарбия намуда, насли солиму хирадманд ба воя расонида, дар шукуфоии ватани азизамон Тоҷикистон саҳмгузор бошанд. Зеро ин сарзамини биҳиштосо мероси аҷдодии гузаштагонамон буда, мебояд, ки барои эъмору гулгулшукуфоии он софдилонаву хештаншиносона заҳмат кашида, ба ҷараёну равияҳои хусусиятҳои террористиву экстремистӣ дошта оштинопазир бошанд.
Терроризм ва эктремизм яке аз зуҳуроти номатлуби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор рафта боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш, таҳдид ё истифодаи зўроварӣ расонидани зарари вазнини рўҳонию ҷисмонӣ, таҷовуз ба ҳаёти инсон, бенизомӣ, тағйири сохти Конститутсионии кишварҳои ҷудогона, ғасби ҳокимият, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ гардидааст.
Терроризм ва эктремизм дар байни табақаҳои мухталифи ҷомеа махсусан миёни ҷавонон яке аз муаммоҳои меҳварии ҳаёти башарият буда оқибат ба бесуботи ва вайронкорӣ меорад.
Имрўз масъалаи мубориза бар зидди терроризм ва эктремизм яке аз масъалаҳои асосии хусусиятӣ ҷаҳонӣ дошта пайдо кардааст. Ин вабои аср ба амнияти тамоми давлатҳои ҷаҳон таҳдид намуда истодааст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз он беканор намондааст.
Терроризм ва экстремизм дар шароити кунунӣ, ҷинояти дорои хусусияти ҷаҳонӣ буда, мубориза зидди он ҳамкории пайвастаи доимӣ ва мутақобилаи мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсусро тақозо менамояд. Гарчанде ки мубориза бо терроризм ва экстремизм вазифаи асосии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ мебошад, ҳамзамон дар ин ҷода дастгирии ҳаматарафаи шаҳрвандон низ зарур аст.
Хулоса:Имрӯз халқ шоҳиди он гардидааст, ки чӣ гуна терроризми байналмиллалӣ амалиёти таҷовузкоронаи худро таҳти ливои сиёсии моҷароҷӯӣ ва таассуби динӣ амалӣ мегардонад. Терроризм дар тамоми шаклҳо ва зоҳироташ маҳкум карда шуда, зарурати мутобиқати амали ҳамаи ҷамъияти ҷаҳониро оид ба решакан кардани ин золимӣ дар сатҳи глобалӣ ва минтақавӣ баромад менамояд.
 
Пирова Дилрабо ТҶҶ” Созандагони Ватан ”.