ҶАВОНОН –СИПАРИ БОЭЪТИМОД БАР ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ МЕБОШАНД!

А.Ҷомӣ: Вокуниш  
 Воқеан ҳам, масоили баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии ҷавонон, нақши ҷавонон дар пешрафти ҷомеаи навини тоҷикон, ки феълан мавзӯи мубрами рӯз маҳсуб ёфта, ба таври ҳамешагӣ матраҳ сохтани он аз аҳамият холӣ нест. Мо хуб медонем, ки ҷавонон нерӯи солиму созандаи ҷомеа мебошанд ва рушди босуботи иқтисодӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолии кишвар аз ҳар ҷиҳат аз ҷавонон вобастагӣ дорад. Ҳамаи ин таҳаввулот ва ё тағйироту дигаргуниҳое, ки бахусус, дар садсолаи навин, асри рушди илму технологияи муосир ба вуқӯъ мепайвандад, бештар ба ҷавонон мансубият дошта, нерўи ин табақаи ҷомеа бузургтарин арзишу дороии миллату давлат мебошад. Читавре, ки дар Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омадааст ҷавонон мояи ифтихор ва сарбаландии Тоҷикистони азиз мебошанд. Авҷ гирифтани ҳаракатҳои ифротии динӣ дар кишварҳои мусулмоннишин ва зиёд шудани теъдоди аъзои гурўҳҳои террористиро дидаву мушоҳида карда, ҳар як фарди тоҷикистонӣ ба ин рўзгори ободу осоишта, ба ин давлати соҳибистиқлолу сарвари оқил бояд шукргузорӣ намояд, зеро ин рўзгори осоиштаи халқи тоҷик худ аз худ, бо осонӣ ба даст наомадааст. Биёед, ҳамагон як ба ҳаёти халқамон дар солҳои навадум назар андозем. Он солҳо, дар натиҷаи ҷанг ва тороҷу яғмогарӣ, ҷумҳурї аз ҷиҳати иқтисодӣ ва молиявӣ хароб шуда, таъмини аҳолӣ бо маводи озуқаворӣ, пеш аз ҳама, бо нон, комилан душвор шуда, чанд муддат имкони пардохтани маош ҳам набуд. Оқибати муборизаҳои бемаъно марги бисёре аз ҳамватанон, гуреза шудани мардум ва азобу машаққати моддиву маънавии чандинсола шуда буд. Ана дар ҳамин вазъияти ниҳоят вазнин шахсе пайдо шуд, бо номи Эмомалӣ Раҳмон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, ки дар ҳақиқат ба халқи тоҷику ба Тоҷикистон сулҳ оварда тавонист.
Мо ба ҷавонон эътимоди комил дорем, дастгирии самимонаи онҳоро аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат қадрдонӣ мекунем ва нақши арзишмандашонро дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти кишвар эҳсос менамоем. Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, ояндаи миллат ва давлат мебошанд. Имрӯзҳо дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллии мамлакат, инчунин, дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ҷавонони бонангу номус содиқона хизмат ва кору фаъолият доранд ва дар рушди иқтисоди миллӣ ҳиссаи назаррас мегузоранд. Дар баробари ин, ҷавонони мо дар дохил ва хориҷи мамлакат дар бахшҳои мухталиф таҳсил карда, соҳиби касбу ихтисосҳое шуда истодаанд, ки барои кишварамон зарур мебошанд. Ҳукумати Тоҷикистон махсусан Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани онҳо имконият фароҳам меорад.
Оре, ҷавонони моро зарур аст, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо тамоми саъю талоши хешро ба донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва бунёдкорӣ равона созанд. Ин шахси бузург масъулияти роҳбариро ба дӯши худ гирифта, умед ва бовариро ба сулҳу ваҳдат дар дили мардум ҷо кунонид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳама вақт ба иродаи халқ такя карда, ҷавонмардона ба пеш ҳаракат мекунад ва дигаронро низ ҳидоят менамояд. Кӯшишу ҷонбозиҳои ҳамин фарзанди фарзонаи миллат буд, ки миллати бофарҳангу мутамаддини мо, ки парешону сарсон буд, сарҷамъу пеши роҳи ҷанги бародаркуш гирифта шуд. Миллат ба ваҳдат омад. Ваҳдати миллӣ дастоварди бузурги истиқлол аст, ки бо роҳбарии Президенти кишвар, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омад. Аз ин лиҳоз, ҳар кадоми мо бояд ҳамеша зираку ҳушёр бошем, манфиатҳои умумидавлативу умумимиллиро аз дигар манфиатҳои шахсӣ ва гурӯҳӣ афзалтар шуморем.
Пирова Дилрабо- Мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи А.Ҷомӣ.