БАХШИДА БА 113-СОЛАГИИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА

А.Ҷомӣ:  

Дар китобхонаи марказии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бахшида ба 113-солагии шоир Мирзо Турсунзода чорабини гузаронида шуд, ки дар он мудири шуъбаи таблиғоти КИ ҲХДТ дар ноҳияи А.Ҷомӣ иштирок намуд. Мақсади гузаронидани чунин чорабиниҳо ҷалби ҷавонон ба китобхониву китобдорӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии онҳо, ба ин васила ҷалби онҳо ба ватандӯстиву меҳанпарастӣ гузаронида шуд. Аз гузашта то ба имрӯз китоб барои инсон як маъхази бебаҳои ақлу хирад аст. Ҳар як халқу миллат маҳз,тавассути китоб тамоми мероси гаронбаҳои худро дар тӯли асрҳо омӯхтааст.
Китоб сарчашмаи дониш,  дарёи ақл, сарчашмаи илму маърифат ва калиди ҳамаи хушбахтиҳост.