Холмуродова Моҳира – Директори МТМУ №54 дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Холмуродова Моҳира 18-июни соли 1992 дар ноҳияи Данғара таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик маълумоташ олӣ мебошад. Соли 2014 Донишгоҳи Давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айниро бакалавр ва соли 2017 магистратураро хатм кардааст. Ихтисосаш франсус-англис, англисӣ-арабӣ мебошад.

 Солҳои 2011-2014 дар МТМУ № 11-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ба ҳайси омӯзгор. Солҳои 2014-2017 бошад мудири бахши ҷавонони колеҷи техникии ба номи Муҳаммадҷон Осимии шаҳри Душанбе. Солҳои 2017-2021 дар Академияи Идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси омӯзгори забони англисӣ кор кардааст.

Аз 7 августи соли 2021 то ҳол Директори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №54 дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ мебошад.