Насриддинзода Киромиддин – Сардухтури Беморхонаи марказии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

 Насриддинзода Киромиддин 23-июли соли 1992 дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик маълумоташ олӣ мебошад. Соли 2016 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро бо ихтисоси кори табобати (табиби уролог) хатм намудааст. Насриддинзода Киромиддин солҳои 2013-2014 бародари тиббиӣ навбатдорӣ Беморхонаи клиникии шаҳрии №5 ш. Душанбе. Солҳои 2016-2017 табиб интернаи кафедраи урологии Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Солҳои 2017-2018 мутахассиси Шуъбаи ҳолатҳои фавқулода, ёрии фаврии тиббии Раёсати амнияти санитари эпидемологӣ, ҳолатҳои фавқулода ва ёрии фаврии тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Солҳои 20118-2021 мутахассиси Шуъбаи кадрҳои Раёсати таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ, сиёсати кадрҳо ва илми Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Аз моҳи ноябри соли 2021 то ҳол сартабиби Беморхонаи марказии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ мебошад.